Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лукашенко: Ғарб мехоҳад Русия ва Беларусро дар буҳрони Украина "ғарқ" кунад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Белоруссии Александр Лукашенко
Президент Белоруссии Александр Лукашенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Лукашенко Ғарбро дар он муттаҳам кард, ки мехоҳад, Русия ва Беларусро гирифтори ҷанг кунад
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ғарб дар Украина мухолифати давомдорро мехоҳад, то Беларус ва Русияро "ғарқ"-и он созад.
Дар ин бора Александр Лукашенко, президенти Беларус зими суҳбат аз тариқи шабакаи аввали телевизиони "Белорус 1" гуфт.

"Ҳич сулҳе барояшон дар он ҷо даркор нест. Барояшон ҷанг дар он ҷо зарур аст. Ҳар қадар тӯлонитар ҳамон қадар беҳтар аст. То Русияро дар ин ҷанг ғарқ кунанду дар баробараш моро ҳам", - изҳор дошт ӯ.

Лукашенко маҳз инро ҳадафи Ғарб дар Украина хонда, изҳороти дигар атрофи ин мавзуъро сафсатаи беҳуда арзёбӣ намуд.
Вай таъкид кардааст, ки вазъ феълан ба ҳадде муташанниҷ аст, ки "болои яхи тунук рафта истодаем, як қадами нодуруст бошад, мо сарозер мешавем".
Ба гуфтаи Лукашенко, Ғарб мехоҳад, Русияи аз нигоҳи низомӣ боиқтидорро шикаст диҳад.
"Наход шумо, одамони сода намефаҳмед. Вақте Русия сарнагун шуд, мо баъди он дар навбатем. Якҷоя меравем", - изҳор доштааст ӯ.
Ахиран Лукашенко гуфт, Ғарб талош мекунад, Беларусро низ вориди ҳаводиси Украина созад, то сарҳадҳои кишварро "урён" созад.
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лукашенко: Беларус дар амалиёти вижа дар Украина ширкат намекунад
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюм сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0