Дуогирии мақомдорони навтаъйини Кӯлоб аз "момаҳои табаррук"-и беш аз 100-сола

© Дафтари матбуоти шаҳрдории Кӯлоб Аёдати Бахтиёр Назарзода, раиси навтаъйини шаҳри Кӯлоб аз занони солхӯрда
Аёдати Бахтиёр Назарзода, раиси навтаъйини шаҳри Кӯлоб аз занони солхӯрда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомдорони шаҳри Кӯлоб аз ҳоли модарони собиқадоре хабар гирифтаанд, ки синни бархеяшон аз 100 боло мебошад
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Бахтиёр Назарзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи модар ба аёдати 13 нафар аз занони собиқадори ин шаҳр рафтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳри Кӯлоб, Назарзода аз номи президент ба "момаҳои табаррук" туҳфа дода, дуояшонро низ гирифтаанд. Дар феҳрасти мақомдорон, ки аз ҳоли модарон хабар гирифтаанд, аз ҷумла генерал-майор Фотеҳ Қунғуротзода, сардори навтаъйини милисаи шаҳри Кӯлоб зикр шудааст.
Мақомдорони Кӯлоб Нозимова Райҳонбӣ, истиқоматкунандаи деҳаи Ёхсучиёни ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳрро бо Рӯзи модар ва 107-солагияш шодбош гуфтаанд. Зикр шудааст, ки Нозимова умри хешро барои рушди бахши кишоварзӣ бахшида, дар таълими насли наврас низ саҳми калон доштааст.
Жизнь в Ишкашиме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Деҳотиёну шаҳриҳо чӣ қадаранду мардону занон чанд нафар? Эълони таносуби аҳолии Тоҷикистон
Инчунин Назарзода аз ҳоли собиқадори меҳнат Шаҳзода Мирзоева хабар гирифта, аз номи раисҷумҳур ба ӯ туҳфа додааст. Ба иттилои шаҳрдории Кӯлоб, ҳоло ин "момаи табаррук" 102-сола аст.
Бахтиёр Назарзода дар суҳбат бо модарони куҳансол аз саҳми занони шаҳри Кӯлоб дар рушди бахшҳои гуногун тавсиф кардааст.
Дар Тоҷикистон ҳамасола 8-уми март чун Рӯзи модарон таҷлил мешавад, ки бахшида ба он маҳофили гуногуни маърифатию тафреҳӣ баргузор мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0