Мулоқоти раиси ВМКБ бо сокинони Шуғнон: Алишер Мирзонабот чӣ гуфт?

© Администрация ГБАОИ.о обязанности председателя ГБАО Алишер Мирзонабот
И.о обязанности председателя ГБАО Алишер Мирзонабот  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раиси вилоят фаъолони ноҳияи Шуғнонро ба таҷлили шоистаи 35-солагии истиқлол вазифадор кард
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот бо фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Вер ва Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон мулоқот кард.
Дар ин дидор раиси вилоят вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро таҳлилу баррасӣ кардааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон.
Ҳамин тавр Алишер Мирзонабот ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои президент, иҷрои босифати рӯхдодҳои барномарезишуда ва барномаҳои давлатӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ибрози назар кардааст.
Раиси вилоят ҳамчунин назди фаъолони ноҳия вазифа гузоштааст.

"Мавсуф масъулинро вазифадор намуд, ки дар ҷиҳати омодагӣ ба истиқболи 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон ва вусъат бахшидани раванди корҳои ободониву созандагӣ барои таҷлили шоистаи ин ҷашни таърихӣ тадбир андешанд", - омадааст дар хабар.

Алишер Мирзонабот ҳамзамон дар бораи рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, роҳу нақлиёт, саноат, соҳибкорӣ, сайёҳӣ, варзиш, дастгирии иҷтимоии нафақахӯрону маъюбон, кӯдакони ятим ва оилаҳои камбизоат, ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ ибрози андеша кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми рутбадиҳӣ ба Алишер Мирзонаботов, муовини аввали раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2022
Мирзонабот назари президентро дар бораи вазъият дар ВМКБ баён дошт
Ӯ изҳори бовар кардааст, ки сокинони ноҳияи Шуғнон дар амалӣ намудани нуктаҳои паёми президент саъю талош намуда, 35-солагии истиқлоли Тоҷикистони азизамонро бо дастовардҳои шоиста истиқбол менамоянд.
Манбаъ афзуда, ки дар вохӯрӣ сокинони ҷамоатҳои деҳоти Вер ва Ванқалъа аз мушкилоти худ назди раиси вилоят арз кардаанд.
Алишер Мирзонабот масъулинро вазифадор намудааст, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин пешниҳодоти сокинонро баррасӣ карда, барои иҷрои онҳо тадбирҳои заруриро андешанд.
Лентаи хабарҳо
0