Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин ва Лукашенко вазъи Украинаро баррасӣ карданд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин и президент Белоруссии Александр Лукашенко
Президент РФ Владимир Путин и президент Белоруссии Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кишвардорони Русия ва Беларус вазъи мавҷудаи Украинаро баррасӣ намуданд
Дар ин бора Кремл хабар дод.Русия, Владимир Путин бо ҳамтои худ Александр Лукашенко рафти амалиёти махсуси низомии Русия барои ҳифзи шаҳрвандони Донбассро баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии Кремл хабар дод.
Манбаъ меафзояд, зимни суҳбат президенти Беларус аз пиёда шудани амалиёти низомӣ дар Украина ҳимоят кард.
Зимнан роҳбари Русия изҳор дошт, ки амалиёт дар Украина аз рӯи нақша пурра иҷро мешавад. Раисҷумҳурон ду даври музокироти ҳайатҳои Русия ва Украинаро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лукашенко: Беларус дар амалиёти вижа дар Украина ширкат намекунад
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0