https://sputnik-tj.com/20220304/rusiya-ukrainaro-taht-nazorat-1046545011.html
Нерӯҳои Русия шаҳракҳои нави Украинаро таҳти назорат гирифтанд
Нерӯҳои Русия шаҳракҳои нави Украинаро таҳти назорат гирифтанд
Вазорати дифои Русия мегӯяд, аАртиши Русия шаҳракҳои нав дар Украинаро таҳти назорат гирифтанд
2022-03-04T21:31+0500
2022-03-04T21:31+0500
2022-03-05T12:08+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
украина
амалиёт
қувваҳои мусаллаҳ
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/18/1046200106_0:0:2899:1631_1920x0_80_0_0_42b70c668a62c9c0f7b72f84e7942ace.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ҷабҳаи васеъ пеш рафта, дар паҳлӯҳои ҳамшафат бо воҳидҳои Ҷумҳурии Донетск амал карда, маҳаллаҳои нави аҳолинишинро озод мекунанд. "Воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳамлаи худро дар ҷабҳаи васеъ идома медиҳанд. Дар паҳлӯҳои ҳамсоя бо воҳидҳои Ҷумҳурии Донетск амал карда, шаҳракҳои Пятихатки, Шевченково, Пология, Гусарка, Новоданиловка ва Шербаки таҳти назорат гирифта шуданд", - гуфт ӯ. Намояндаи вазорати Русия афзуд, ки пулиси халқии ҶХД шаҳракҳои Шандриголово, Александровка, Дерилово, Средне ва Лозовоеро ишғол кардааст. Дар навбати худ ҶХД Розовка, Труженка, Знаменовка ва Пузатоеро таҳти назорати худ гирифтааст.Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.Лукашенко: Ғарб мехоҳад, Русия ва Беларусро дар буҳрони Украина "ғарқ" кунадБа ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/18/1046200106_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_8f0cc6caa264bcff85fb86db756f1cac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
дар русия, украина, амалиёт, қувваҳои мусаллаҳ
Нерӯҳои Русия шаҳракҳои нави Украинаро таҳти назорат гирифтанд
21:31 04.03.2022 (Навсозишуда: 12:08 05.03.2022) Вазорати дифои Русия мегӯяд, артиши ин кишвар шаҳракҳои нав дар Украинаро таҳти назорат гирифт
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ҷабҳаи васеъ пеш рафта, дар паҳлӯҳои ҳамшафат бо воҳидҳои Ҷумҳурии Донетск амал карда, маҳаллаҳои нави аҳолинишинро озод мекунанд.
"Воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳамлаи худро дар ҷабҳаи васеъ идома медиҳанд. Дар паҳлӯҳои ҳамсоя бо воҳидҳои Ҷумҳурии Донетск амал карда, шаҳракҳои Пятихатки, Шевченково, Пология, Гусарка, Новоданиловка ва Шербаки таҳти назорат гирифта шуданд", - гуфт ӯ.
Намояндаи вазорати Русия афзуд, ки пулиси халқии ҶХД шаҳракҳои Шандриголово, Александровка, Дерилово, Средне ва Лозовоеро ишғол кардааст.
Дар навбати худ ҶХД Розовка, Труженка, Знаменовка ва Пузатоеро таҳти назорати худ гирифтааст.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.