Шиносоии Рустами Эмомалӣ бо шеваи камхарҷ, фаврӣ ва бефасоди хизматрасонӣ ба шаҳрвандон

© Sputnik / Амир ИсаевМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Раиси Душанбе дар Боку бо тарзи хидматрасонии мақомдорони Озарбойҷон ба шаҳрвандон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз Агентии давлатии хидматрасонӣ ба шаҳрвандон ва навовариҳои иҷтимоии назди президенти Озарбойҷон боздид кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ, агентии мазкур барои сарфаи хароҷот ва дар зимни истифода аз хидматрасониҳои давлатӣ таъсис ёфтааст.
Бартарафсозии монеаҳои идорӣ, баланд бардоштани шаффофият, пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия, эътимод ба мақомоти давлатӣ ва истифодаи васеи хидматрасониҳои электронӣ аз мақсадҳои дигари ташкили ин ниҳод арзёбӣ шудаанд.
Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Душанбе ва Боку бародаршаҳр шуданд
Манбаъ афзуд, дар марказҳои агентии мазкур шаҳрвандон новобаста аз маҳалли бақайдгирӣ метавонанд, аз 320 намуди хидматрасонии электронии мақомоти гуногуни давлатӣ ва 30 ширкату корхонаҳои хусусӣ бархӯрдор шаванд. Таъкид шудааст, ки хидматрасониҳо бо шеваи "равзанаи ягона" роҳандозӣ шуда, ба ҳисоби миёна 5-10 дақиқа вақти шаҳрвандро мегирад.
Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Боку ҳамчунин аз Маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев боздид карда, бо омӯзиши бунёдии фалсафаи эъмори давлатдорӣ ва идеологияи озарии нахустин президенти Озарбойҷон шинос шуд, афзуд котиботи Маҷлиси миллӣ.
Зикр гардидааст, ки маркази мазкур соли 2012 аз рӯи лоиҳаи меъмор Заҳа Ҳадид бунёд гардида, яке аз рамзҳои Бокуи муосир ба шумор рафта, соли 2014 ҳамчун беҳтарин бино дар ҷаҳон эътироф шудааст.
Лентаи хабарҳо
0