Сарвазири Маҷористон таҳримҳоро теғи ду тарафаш тез хонду паёмадҳоро ном бурд

© Sputnik / Александр ВильфГазовая конфорка
Газовая конфорка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Сарвазири Маҷористон тавзеҳ дод, ки таҳримҳо алайҳи Русия барои Аврупо чӣ паёмад дорад
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Виктор Орбан, сарвазири Маҷористон таҳримоти ғарбӣ алайҳи Русияро "теғи дудама" хонд, ки болоравии нархи газ ва афзоиши таваррум дар Аврупоро низ дар пай дорад.
"Ғарб алайҳи Русия таҳрим эълон кард. Мо як ҷузъи Ғарбем. Дар вақти ҷанг аз ҳама муҳим ин муттаҳидист. Аммо таҳримот ин ба мисли теғи дулаба аст", - иқтибос овардаст РИА "Новости" аз суҳбати Орбан бо радиои "Kossuth".
Вай афзуд, ки феълан ҳукуматаш кор карда истодааст, то зарари таҳримотро коҳиш диҳад. Ӯ басташавии "Сбербанк"-ро дар Австрия ва Маҷористон зарбае хондааст, ки дар натиҷа мардум аз даромдашон маҳрум шудаанд.

"Мушкили дуюм ин нархи газ аст. Дар пайи таҳримот нархи ин нерӯ дар тамоми Аврупо 50-60% зиёд шуд. Хатари афзоиши таваррум низ баланд аст. Ҷанг ҳар қадар зудтар анҷом ёбад, ҳамон қадар хисорот камтар хоҳад шуд", - гуфт Орбан.

Таҳримот алайҳи Русия дар пасманзари амалиёти низомӣ дар Украина афзоиш ёфтанд.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Анатолий Антонов, сафири Русия дар ИМА, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Талаби шарҳ ва маҳкумсозии расмии суханони сенатори амрикоӣ дар бораи Путин
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюм сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0