Ширкати ҳавопаймоии S7 ҳама парвозҳояш ба Хуҷандро лағв кард

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузаштан ба хазинаи аксСамолет Airbus A320neo авиакомпании S7 Airlines
Самолет Airbus A320neo авиакомпании S7 Airlines  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар робита ба вазъи душвори сиёсӣ ва баста шудани фазои ҳавоӣ дар як қатор кишварҳо, ширкат тасмим гирифт, ки парвозҳояшро ба берун аз Федератсияи Русия қатъ кунад
ДУШАНБЕ, 4 мар— Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Русия S7 ҳама парвозҳои байналмилалияшро аз Маскав лағв кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ хабар медиҳад.
Қарор дар ин бора аз 5 март эътибор пайдо мекунад.
"Мутаассифона, аз 5 март ширкати "S7 Airlines" маҷбур шуд, ки ҳама парвозҳоро ба самтҳои байналмилалӣ лағв кунад. Мусофирони парвозҳои лағвшуда аз ширкати ҳавопаймоӣ огоҳинома мегиранд, мутахассисони мо бо онҳо дар намояндагиҳои "S7 Airlines" кор мекунанд", - омадааст дар хабар.
Аммо ширкат шарҳ надодааст, ки далели лағви парвозҳояш дар самтҳои байналмилалӣ чист.

"Онҳо ба сайёҳон барои баргаштан ба Ватан бо парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии шарикон кӯмак мекунанд",- афзуд манбаъ.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки мусофирони хатсайрҳои байналмилалии лағвшуда пас аз гирифтани SMS дар бораи лағви парвоз метавонанд маблағи чиптаро пурра дарёфт кунанд.
Дар байни парвозҳои мунтазами S7 ба Хуҷанди Тоҷикистон низ як парвоз буд, ки лағв шуд.
Қаблан Иёлоти Муттаҳида, Канада, Ҷопон, Бритониёи Кабир ва тамоми кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳарими ҳавоии худро барои Русия ба далели амалиёти вижаи низомии Федератсияи Русия дар қаламрави Украина баста буданд.
Ҳамчунин як қатор ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз ширкатҳои русӣ талаб карданд, ки ҳавопаймоҳои ба гирифтаашонро баргардонанд.
Лентаи хабарҳо
0