Талаби шарҳ ва маҳкумсозии расмии суханони сенатори амрикоӣ дар бораи Путин

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкАнатолий Антонов, сафири Русия дар ИМА, акс аз бойгонӣ
Анатолий Антонов, сафири Русия дар ИМА, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Намояндагии дипломатии Русия изҳороти сиёсатмадори ҷумҳурихоҳи Иёлоти муттаҳидаи Амрикоро маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Сафорати Русия дар ИМА расман тавзеҳ ва маҳкумсозии суханҳои сенатор Линдси Гремро дар мавриди Владимир Путин талаб кард.
Дар ин бора намояндагии дипломатии Русия дар ИМА дар саҳифааш дар Facebook хабар додаст.
"Шарҳи расмӣ ва маҳкумсозии изҳороти ҷиноии ин амрикоиро талаб дорем", - омадааст дар изҳороти сафорат.
Анатолий Антонов, сафири Русия дар ИМА чунин изҳоротро номақбул хонда, онро баёнгари нафрату русбезорӣ арзёбӣ кардаст, ки дар ҷомеаи амрикоӣ авҷ гирифтааст.
"Боварнокарданист сенатори кишваре, ки арзишҳояшро ба ҳайси "ситораи роҳнамо"-и тамоми башарият муаррифӣ мекунад, метавонад ба террор ҳамчун василаи дастёбии Вашингтон ба аҳдофаш дар саҳнаи байналмилалӣ даъват кунад", - таъкид кард ӯ.
Антонов аз ояндаи ИМА нигаронӣ кардаст, ки дар идораи он "чунин сиёсатмадорони бемасъулият ва ғайрикасбӣ қарор доранд".
Маврид ба зикр аст, ки сенатор аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ, Линдси Грэм дар саҳифааш дар Twitter навишт, он нафаре, ки "ин мардро (ишора ба президенти Русия, Владимир Путин - идора) нобуд мекунад, барои кишвар ва ҷаҳон хизмати бузурге мекунад".
Обращение президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин русҳо ва украинҳоро як мардум гуфт
Сиёсатмадор суол гузоштааст, ки оё Русия Брут ва Клаус Штауффенбергҳои худро надорад. Ин ду нафари таърихӣ мебошанд, ки барои сӯқасдашон ба ҷони роҳбари давлат шинохтаанд.
Аз ҷумла Брут қасди ҷони Юлий Сезар ва Штауффанберг қасди ҷони Адолф Ҳитлер кардааст.
Лентаи хабарҳо
0