Таркиш дар намози ҷумъа дар Афғонистон

© AFP 2022 / TARIQ MAHMOODСкорая помощь в Афганистане, архивное фото
Скорая помощь в Афганистане, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Зимни намози ҷумъа дар яке аз масоҷиди Афғонистон боз таркиш рӯх додааст
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Таркиш дар вилояти Пактиёи Афғонистон 3 куштаю 20 маҷруҳ бар ҷой гузоштааст.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон бо такя ба расонаи "Иттилооти рӯз" хабар додааст.
Манбаъ аз қавли як масъули пулиси толибҳо изҳор доштааст, ки ҳамлаи интиҳорӣ дар масҷиди Хартуи ноҳияи Патани вилояти Пактиё ҳангоми намози ҷумъа рӯх додааст. Ӯ афзуд, ки маҷруҳон ба беморхонаи ноҳияи Чамконӣ интиқол ёфтаанд.
Талибы, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
"Қавиҳайкалу чашмтанг": дар маркази Бағлон пойгоҳи террористони хориҷӣ пайдо шуд
Феълан ягон гурӯҳе масъулияти анҷоми ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои ҷумъа дар Афғонистон ҳолатҳои ҳамлаи интиҳорӣ зиёд ба қайд гирифта мешаванд ва масъулияти анҷоми онро дар бисёри ҳолатҳо ДИИШ* ба уҳда мегирад. Аз ҷумла нимаи моҳи феврал бар асари таркиш дар назди масҷиде дар вилояти Бодғиси Афғонистон дастикам 8 нафар ҳалок шуда, 20 нафар маҷруҳ гардиданд. Ин таркиш низ замоне сар зад, ки намозгузорон баъд аз намози ҷумъа масҷидро тарк мекарданд.
Таъкид мешавад, ки тайи моҳҳои гузашта бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар масҷидҳои Афғонистон садҳо тан куштаю маҷруҳ гардидаанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0