Тоҷикистон Умонро барои сармоягузорӣ ба корхонаи коркади нафти "ТК ойл" даъват кард

© Sputnik / Борис Бабанов / Гузаштан ба хазинаи аксНефтеперерабатывающий завод
Нефтеперерабатывающий завод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Душанбе ва Масқат талош доранд, ҳамкориҳи иқтисодиро ба сатҳи нав бароранд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Тоҷикистон салтанати Умонро барои ташкили корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар даъват кард.
Ин мавзeъ дар мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо сафирони тозатаъйини Умон Иброҳим ибни Аҳмад Ал-Муайнӣ дар Тоҷикистон матраҳ шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, бахусус зиёд намудани гардиши савдои дуҷониба таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.
Работа нефтяных станков - качалок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Худӣ: маълум шуд Тоҷикистон чӣ қадар маҳсулоти нафтӣ истеҳсол кардааст
Ҳазамон дар идомаи мулоқот вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли обҳои минералӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин таҳия ва ба имзо расонидани ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ мубодилаи афкор сурат гирифтааст.
Абдураҳмонзода пешниҳод намуд, ки ҷониби сармоягузорони умонӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба корхонаи коркади нафти ҶДММ "ТК ойл" дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" ва таъмини нафти хом бо шартҳои имтиёзнок барои коркарди минбаъдаи он мусоидат намоянд.
Гуфта мешавад, ин пешниҳоди аз ҷониби сафир хуш пазируфта шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда баён намуданд.
Лентаи хабарҳо
0