Москалкова: Теъдоди зиёди украиниҳо мехоҳанд ба Русия кӯчанд

© Sputnik / Нина Зотина / Гузаштан ба хазинаи аксУполномоченный по правам человека в РФ Татьяна Москалькова
Уполномоченный по правам человека в РФ Татьяна Москалькова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия аз афзоиши теъдоди муроҷиатҳои украиниҳое, ки мехоҳанд, Украинаро тарк кунанд, хабар дод
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Аксари украиниҳо хоҳиши ба Русия омаданро изҳор мекунанд, аммо то ҳол ба далели тирборон кардани нерӯҳои мусаллаҳи Украина иҷрои дархости онҳо ғайриимкон аст.
Дар ин бора ваколатдори ҳуқуқи инсон Татяна Москалкова дар мусоҳиба бо РИА "Новости" иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Москалкова, ӯ аз афроде, ки мехоҳанд, аз Украина ба қаламрави Русия кӯч банданд, дархостҳои зиёде дарёфт мекунад.
"Аммо, мутаассифона, он долонҳое, ки бо талошҳои ҷониби Русия сохта шудаанд, на ҳама бехатаранд. Ва мардум хабар медиҳанд, ки ҳангоми ҳаракат дар ин долонҳо нерӯҳои украинӣ ба онҳо ҳамла мекунанд", - гуфт Москалькова.
Вай инчунин қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир манбаи дигаре барои тасдиқи ин маълумот вуҷуд надорад.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Басурин: Нерӯҳои Украина намегузоранд, ки сокинон аз Мариупол берун шаванд
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунад
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Ҳайатҳои Русия ва Украина аллакай ду даври музокира анҷом доданд, даври сеюм дар чанд рӯзи оянд дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0