"Аэрофлот" тамоми парвозҳои байналмилалияшро лағв мекунад

© Sputnik / Виталий Безруких / Гузаштан ба хазинаи аксСамолет Ту-154м авиакомпании "Аэрофлот"
Самолет Ту-154м авиакомпании Аэрофлот - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ширкати ҳавопаймоии "Аэрофлот" дар бораи лағви парвозҳои хориҷияш хабар дод
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. "Аэрофлот" аз 8 март тамоми парвозҳои хориҷияшро ба истиснои парвозҳо ба Минск қатъ мекунад.
Дар ин бора хадамоти матбуотии ин ширкат хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ширкати ҳавопаймоӣ, ин тасмим "ба далели ба вуҷуд омадани ҳолатҳои изофӣ, ки ба фаъолияти парвозҳо халал мерасонад", гирифта шудааст.

"Аэрофлот" парвозҳояшро дар дохили Русия пурра идома медиҳад, ба истиснои маҳдудиятҳои муваққатии парвозҳо ба шаҳрҳои ҷануби кишвар. Парвозҳо ба Минск ва баръакс низ идома доранд", - омадааст дар хабар.

Аз 6 март "Аэрофлот" барои мусофирон чиптаи рафтуомад намефурӯшад, агар замони баргашти парвоз баъд аз 8 март бошад.
Споттинг в аэропорту Внуково  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Тамдиди маҳдудияти парвозҳо дар Русия
Онҳое, ки чиптаи яктарафа доранд, аз ҷониби ширкат то 8 март парвозашон анҷом мешавад.
Ширкати ҳавопаймоӣ кӯшиш мекунад, ки то замони қатъ шудани парвозҳо барои мусофироне, ки дар хориҷа қарор доранд, парвози бозгашт ба Русия ташкил мекунад.
Лентаи хабарҳо
0