Баҳси ҳамкории Тоҷикистону Корея дар бахши низоми бонкӣ

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе плаза
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Обуна шудан
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомдори баландпояи Кореяи Ҷанубӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Пак Чон Су, раиси Кумитаи ҳамкориҳои иқтисодии назди раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ масоили суботи молиро ба миён гузоштааст.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ, Холиқзода ҳайати меҳмононро мухтасар бо вазъи макроиқтисодӣ шинос намуда, ҳамкорӣ бо Корея дар бахши устувории суботи молиявиро муҳим хондааст.
Раиси БМТ рушди низоми пардохт, идоракунии хавфҳо ва тақвият бахшидани низоми комплаенс, боз шудани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои Тоҷикистонро дар бонкҳои Корея зарур арзёбӣ кардаст.
Здание Центрального банка РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Бесобиқа: Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурд
Пак Чон Су изҳор доштаст, ки ҳамакнун бо кушодани сафорати Корея дар Тоҷикистон шароити бештари ҳамкориҳо фароҳаманд.
Ӯ аз ҷумла бархе барномаҳои муфиди кишварашро барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ муаррифӣ кардааст, ки Тоҷикистон низ метавонад аз рӯи он ба гирифтани грантҳо ва қарзҳои дарозмуҳлати имтиёзнок даст ёбад.
Мақомдори Корея омодагияшро барои рушди низоми пардохт, идоракунии хавфҳо, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, барпо кардани муносибатҳои муросилотии бонкҳои тиҷоратии ду кишвар изҳори омодагӣ кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки феълан ҳайати Корея таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодии назди президенти ин кишвар дар Тоҷикистон қарор доранд ва рушди ҳамкорӣ бо мақомдорони бахшҳои гуногунро баррасӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0