Ҳавошиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон мавсими боронгариҳои баҳорӣ оғоз мешавад

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузаштан ба хазинаи аксПрохожие у цветущих деревьев в парке
Прохожие у цветущих деревьев в парке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Аз 5 то 6 март тақрибан дар кишвар ба ҷуз аз Бадахшон борон хоҳад борид, вале дар Бадахшон барф пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Рӯзҳои истироҳатӣ тақрибан дар саросари Тоҷикистон борон ва ҳавои серун хоҳад буд.
Дар шаҳри Душанбе аз субҳи 5 март борон меборад.
Дар мавриди ҳарорати ҳаво бошад, тибқи пешгӯии рӯзи шанбе, рӯзона аз +13 то +11 дараҷа мешавад. Сарфи назар аз боридани борон, аллакай 6 март ҳаво боз то 17 дараҷа гарм мешавад, шабона бошад, гармо тақрибан то 6 дараҷа мерасад.
Дар навоҳии тобеи марказ низ ҳавои серун ва бориши борон пешгӯӣ мешавад. Илова бар ин дар Ваҳдат ва дигар манотиқи кӯҳистонӣ шиддати шамол то 10 метр дар як сонияро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Хатлон ва Кӯлоб рӯзҳои 5-6 март баъзан борон меборад. Ҳаво аксаран офтобӣ, нимаабрӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар кишвар рӯзона аз 19 то 21 дараҷа ва шабона 8 дараҷа хоҳад буд.
Ласточка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Марти мисли баҳори ҳудуди 40 сол пеш: сокинони Тоҷикистонро баҳори серун интизор аст
Аммо дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Хоруғ - тамоми рӯзҳои истироҳат барф меборад.
Субҳи рӯзи якшанбе 9 мм барф дар назар аст. Дар водиҳо рӯзона аз 4 дараҷа гарм то 6 дараҷа хунук ва шабона то 1 дараҷа сард мешавад.
Вилояти Суғд асосан бебориш, вале дар Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои вилоят шамол то 20 метр дар як сония мевазад.
Рӯзи якшанбеи 6 март борони кутоҳмуддат борида, ҳарорати ҳаво рӯзона 19 ва шабона 8 дараҷа гарм мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳавошиносони тоҷик барои моҳи аввали баҳор пешгӯӣ карда буданд. Онҳо моҳи марти соли 2022-ро бо баҳори соли 1983, ки раъду барқ ​​ва рӯзҳои салқин зиёд дошт, муқоиса карданд.
Лентаи хабарҳо
0