Ҷабборов: Ҳамсояҳои Русия ҳеҷ тарсе набояд дошта бошанд - видео

© Sputnik / Нина ЗотинаПервый заместитель председателя комитета Совета Федерации РФ по международным делам Владимир Джабаров
Первый заместитель председателя комитета Совета Федерации РФ по международным делам Владимир Джабаров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Обуна шудан
Муовини аввали раиси Кумитаи умури байналмилалии Шӯрои Федератсия дар бораи хабарҳои фейкии паҳнкардаи корбарони украинӣ дар интернет, ки гӯё Русия ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла мекунад, изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Владимир Ҷабборов, муовини аввали раиси Кумитаи умури байналмилалии Шӯрои Федератсияи Русия дар бораи паҳн шудани маълумоти бардурӯғ дар хусуси амалиёти вижаи Русия дар қаламрави Украина изҳори назар кард.
Ҷаббров дар посух ба суолҳои Sputnik Узбакистон гуфт, ки дар ҷаҳони муосир маълумоти бардурӯғро аз ҳақиқат чӣ гуна фарқ мекунанд ва Русия барои кишварҳои ҳамсоя чӣ гуна нақша дорад.
Вай ҳамчунин дар робита ба матраҳтарин ахбори дурӯғ дар фазои расонаии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки гӯё Русия ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла мекунад, изҳори назар кард.

"Ҳамсояҳои Русия ҳеҷ тарсе набояд дошта бошанд. <...> Ин як хабари дурӯғ аст, ки махсус омода ва барои бадном кардани Русия бо дарки ҳассосияти минтақа мунташир шудааст", - шарҳ дод манбаъ.

Агар ҳодисаҳои охирини Қазоқистон, вақти ба ёрӣ омадани қӯшунҳои СПАД бар асари амали террористӣ ба ин ҷумҳуриро агар ба ёд биёред, бемантиқии ин гуна ахборро мефаҳмед.
"Сарбозон бо мувофиқа бо тамоми аъзои СПАД ворид шуданд ва дар давоми чанд рӯз ин нерӯҳо хориҷ карда шуданд", - қайд мекунад Владимир Ҷабборов.
Вай таъкид кард, кишваре, ки қасди тасарруфи як давлати дигарро дорад, нерӯҳои худро аз қаламраваш намебарад. Аммо сарфи назар аз ин маълумот дар бораи таҳдиди ҳамла зуд дар ёд мемонад. Хабарҳои фейкиро онҳое паҳн мекунанд, ки мехоҳанд, дар ҷомеа тухми нобоварӣ коранд.
Ҷабаров гуфт, сатҳи муносибатҳои муҳтарамона бо шарикони собиқ дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки Русия ба ҳар як мамлакат бо эҳтироми бузург муносибат мекунад.

"Мо омодаем, ки муносибатҳои иқтисодиро инкишоф диҳем. Аммо кӯшиши барқарор кардани Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд надорад, ки моро ба он айбдор мекунанд", - таъкид кард ин сиёсатмадор.

Дар мавриди буҳрони Украина Ҷабборов афзуд, ки ин давлат "аслан ба фашизм табдил ёфтааст".
“Мардумро бо усули мансубият ба забони миллатҳо таъқиб карданд ва 8 сол алайҳи мардуми худашон дар ҷанг буданд",- қайд кард ӯ.
Коршинос ёдовар шуд, ки сарфи назар аз талошҳои сершумор барои ҳалли вазъ имзои созишномаҳои Минск, созишномаҳои дуюми Минск дар Ғарб касе ба даъватҳои Русия дар аҳамият надод.
Аммо вақте Русия тасмим гирифт, ки ба дархости ҷумҳуриҳои Донетс ва Луганск посух диҳад, онҳо онро ба ҷанг айбдор карданд.
"Вақте ки дар он ҷо хуни пиру барно ва бачагон рехта мешуд, касе эътибор надод", — гуфт дар хотима муовини аввали раиси Кумита умури байналмилалии Шӯрои Федератсияи Русия.
Лентаи хабарҳо
0