Лякин-Фролов: Таҳримҳо алайҳи Русия метавонанд ба муҳоҷирон таъсир расонанд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПосол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов
Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Таҳримҳои Ғарб метавонанд ба рифоҳи муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, таъсир расонанд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия метавонанд ба муҳоҷирони корӣ таъсир расонанд.
Ин нуктаро сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, пеш аз ҳама маҳдудиятҳо ба маъюбон, беморони саратон, мактаббачагон ва донишҷӯён асар хоҳанд кард.

"Ба ибораи дигар аз чунин рафтори хашмгинонаи "шарикон"-и ғарбии мо шаҳрвандони оддӣ, на танҳо Русия азият мекашанд", - омадааст дар шабакаи телеграммии сафорати Русия аз қавли Лякин-Фролов.

Таҳримҳо метавонанд ба некӯаҳволии муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва оилаҳои онҳо дар кишварҳои худ таъсир расонанд.
Дипломат қайд кард, ки "сиёсати хашмгинонаи таҳримот боиси нақзи дағалонаи бисёре аз ҳуқуқҳои инсон мегардад", зеро онҳо дар санади бунёдии ҳуқуқии байналмилалӣ ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар тафсир шудаанд.
Сафири Русия таъкид кард, ки Ғарб низ саъй дорад, ба бахшҳои ба назар комилан ғайрисиёсии ҳаёти башар – варзиш ва фарҳанг зарба занад. Бо ин ё он баҳона варзишгарон ва фарҳангиёни сатҳи ҷаҳонро таҳрим мекунанд.
Работник коммунальной службы убирает снег - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Муҳоҷирон нияти тарк кардани Русияро надоранд
"Маълум мешавад, ки агар шумо рус бошед, ба гуфтаи "шарикон"-и ғарбӣ, наметавонед даъвои ҳуқуқи башар кунед. Инро ба ҷуз аз сиёсати нажодпарастӣ ва табъизи қавмӣ дигар чизе гуфта наметавон", - таъкид кардааст сафир.
Лякин-Фролов инчунин қайд кард, муқобилони Ғарб, ки худро хамчун тарафдорони сарсахти ҳуқуқҳои умумибашарӣ муаррифӣ карда, кайҳо боз ба ҳуқуқи байналхалқӣ не, балки ба консепсияи ба истилоҳ "назми ҷаҳонӣ дар асоси қоидаҳо", ки худи онҳо муқаррар мекунанд, такя мекунанд.
Ӯ ёдовар шудааст, ки бомбборони Югославия, ҷанг дар Ироқу Сурия, шикасти воқеии Либия ҳамчун як давлат, раванди тӯлонӣ ва бениҳоят номуваффақи ИМА ва кишварҳои НАТО дар Афғонистон бар дӯши Ғарб аст.
Дипломат изҳори итминон кард, ки ин "истерияи девонавор дар Ғарб мегузарад", зиндагӣ ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад ва ақли солим пирӯз хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0