Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ваъдаи Мирзиёев барои интиқоли ҳамаи донишҷӯёни ӯзбек аз Украина

Самолет, на фоне заката - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Донишҷӯён пас аз бозгашт ба чӣ кор машғул оҳанд шуд? Посух ба ин суолро аз матлаби зерин дарёбед
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Донишҷӯёни ӯзбикистонӣ, ки дар донишгоҳҳои Украина таҳсил мекунанд, ба ватанашон интиқол дода мешаванд.
Онҳо метавонанд таҳсилро дар Ӯзбекистон идома диҳанд, изҳор дошт Шавкат Мирзиёев.
Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон менависад.

"Имрӯз дар донишгоҳҳои Украина беш аз 370 нафар ҷавонон таҳсил мекунанд, ки ҳудуди 200 нафари онҳо ба Ватан баргаштаанд. Мо тамоми чораҳои заруриро меандешем, то дар ҳафтаи оянда боқимондаҳоро баргардонанд", - гуфт Мирзиёев.

Президент дастур додааст, комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шавад, ки он бояд тамоми шароитро барои донишҷӯёни аз Украинабаргашта дар давоми як ҳафта фароҳам созад ва онҳо таҳсилашонро дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон идома диҳанд.
То кунун мақомоти Узбакистон 2 ҳазору 579 ҳамватанашонро аз Украина ба кишварашон интиқол додаанд. Ҳама парвозҳои бозгашт ба Ватан ройгон анҷом шудаанд.
Монумент независимости в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Беш аз 20 000 ҳинду Украинаро тарк кард
Бо тартиби рӯйхат ба таври зайл: занон, кӯдакон, донишҷӯён ва пиронсолон раванди беруноварии шаҳрвандони Ӯзбекистон аз Украина оғоз шудааст. Дар маҷмуъ дар қаламрави Украина ҳудуди 4,3 ҳазор ӯзбек ба сар мебурд.
Дар ҳамин ҳол сафорати Ӯзбекистон дар Киев ба донишҷӯён тавсия додааст, ки ба таҳсили фосилавӣ дар хона гузаранд. Намояндагии дипломатӣ итминон додааст, ки донишгоҳҳои Украина ба далели вазъи кунунӣ нияти ихроҷи хориҷиёнро надоранд.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Басурин: Нерӯҳои Украина намегузоранд, ки сокинон аз Мариупол берун шаванд
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунад
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Ҳайатҳои Русия ва Украина аллакай ду даври музокираро анҷом доданд, даври сеюми он дар чанд рӯзи оянд дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0