Муҳриддин аз густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Корея гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Обуна шудан
Дар вохӯрӣ роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Корея табодули назар сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Дар Душанбе аз таҳкими муносибатҳо бо Ҷумҳурии Корея гуфта шуд.
Дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, роҳбари ин ниҳод бо раиси Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодии назди президенти Корея вохӯрӣ кард.
Манбаъ меафзояд, Сироҷиддин Муҳриддин бо Пак Чон Суро рӯзи 5 март дар дафтари вазорати мазкур мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Корея табодули назар сурат гирифт.
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Баҳси ҳамкории Тоҷикистону Корея дар бахши низоми бонкӣ
Вазоратиумури хориҷӣ таъкид намуд, ки ҷонибҳо алоқамандии худро барои таҳкиму густариши робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳор дошта, аҳаммияти идомаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро таъкид карданд.
Ёдовар мешавем, қаблан Пак Чон суро бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ҳоким Холиқзода мулоқот кард ва ҷонибҳо суботи молиро ба миён гузоштанд.
Намояндаи Корея дар ин вохӯрӣ изҳор дошт, ки бо кушодани сафорати он кишвар дар Тоҷикистон шароити бештари ҳамкорӣ фароҳам оварда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан ҳайати Корея таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодии назди президенти ин кишвар дар Тоҷикистон қарор доранд ва рушди ҳамкорӣ бо мақомдорони бахшҳои гуногунро баррасӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0