Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин аз хатари бархӯрд бо тамоми НАТО дар Украина гуфт

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ
Президент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Русия гуфт, қабули Украина ба НАТО метавонист ҷанг бо тамоми эътилофро дар пай дошта бошад
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Узвияти Украина дар НАТО имкон медиҳад, ки дар сурати мухолифати мусаллаҳона эътилоф аз он ҳимоят кунад, изҳор дошт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия.
Путин дар мулоқот бо ҳайти бонувони ширкатҳои ҳавонавардӣ ба суол дар мавриди ҳадафҳои амалиёти низомӣ дар Украина посух дод. Ӯ зикр намуд, ки вақтҳои охир суҳбатҳо атрофи қабули Украина ба НАТО афзоиш ёфтаанд.

"Шумо медонед, ин ба чӣ метавонист ё метавонад анҷомад? Агар кишвар узви НАТО шавад, аъзои эътилоф уҳдадоранд, дар сурати даргирии низомӣ онро ҳимоят кунанд", - хотиррасон кард президенти Русия.

Вай ҳамчунин зикр намуд, ки то ҳол касе Қримро ҳамчун ҷузъи Русия эътироф накардааст.
"Онҳо метавонистанд амалиёти низомӣ дар Донбасс анҷом диҳанд. Ба Қрим ҳам дахолат мекарданд. Он гоҳ мо маҷбур ба ҷанг бо тамоми НАТО мебудем. Бо тамоми эътилоф. Паёмадаш маълум ё не. Фикр мекунам, натиҷаи онро ҳама медонанд", - гуфт Путин.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Президент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Лавров гуфт, Зеленский қасди ташдиди мухолифат дар миёни НАТО ва Русияро дорад
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0