Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Президент: Нерӯи Русия ба ҳалли ҳадафҳои гузошташуда дар Украина мерасад

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкСитуация на границе Крыма с Украиной
Ситуация на границе Крыма с Украиной - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Обуна шудан
Президенти Русия мегӯяд, амалиёти низомӣ дар Украина тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуда ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, артиши ин кишвар тамоми ҳадафҳои пешаш гузошташуда дар Украинаро иҷро хоҳад кард.
Ӯ дар мулоқот бо занони корманди ширкатҳои ҳавонавардӣ изҳор дошт, ки амалиёти низомӣ дар Украина бар асоси нақшае ҷараён дорад, ки қаблан Ситоди кулли кишвар таҳия карда буд.
Раисҷумҳури Русия инчунин аз ихтиёриёне тавсиф кард, ки ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, азми сафар ба Украина кардаанд. Ӯ бо изҳори миннатдорӣ таъкид намудаст, ки феълан кумаке зарур нест.
Ба гуфтаи Путин, Русия бо нерӯи феълӣ тавони расидан ба аҳдофи гузошта дар Украинаро дорад.
Московский Кремль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Кремл гуфт, Ғарб наметавонад Русияро дар инзивоъ қарор диҳад ва шарҳ дод чаро
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0