Табодули паёми шодбошӣ миёни Раҳмон ва Гутерриш

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон и Антониу Гутерриш, архивное фото
Эмомали Рахмон и Антониу Гутерриш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон ва дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид табодули паёмҳои шодбошӣ карданд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ ҳамдигарро бо 30-юмин солгарди узвияти ҷумҳурӣ дар ин созмон табрик кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Гутерриш дар паёмаш ба Эмомалӣ Раҳмон ҳукумат ва мардуми кишварро шодбош гуфтанд.

"2 марти соли 1992 барои созмон санаи махсус ба ҳисоб меравад, чунки маҳз ҳамин рӯз тақрибан 5 фисади кишварҳои ҷаҳон ба СММ узвият пайдо карданд", - омадааст дар паём.

Дабири кулли СММ зикр намудааст, ки тайи се даҳсолаи охир дар минтақа ва тамоми ҷаҳон шарикии боз ҳам зичтар барқарор шудааст. Ӯ аз Тоҷикистон ҳамчун як кишвари ҷонибдори низоми бисёрҷониба, пешбурди ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ арзёбӣ кардааст.
"Итминон дорам, ки дар даврони барқароршавии пас аз ҳамагирии COVID-19 мо дар якҷоягӣ метавонем ба сӯйи ҷомеаҳои боз ҳам устувор ва одилона раҳсипор гардем", - изҳор доштааст Гутерриш.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Муҳриддин намояндагони кишварҳои СММ-ро ба Душанбе даъват кард
Раҳмон дар посухаш ба Гутерриш таъкид намудааст, ки узвияти Тоҷикистон дар СММ дар ростои муаррифии комили истиқлоли давлатӣ ва таҳкими минбаъдаи ҷойгоҳи ҷумҳурӣ нақши арзишманд доштааст.
Ӯ саҳми Созмони Милали Муттаҳид, бахусус дар истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориҳо бо СММ изҳори қаноатмандӣ ва умедворӣ намудааст, ки минбаъд низ ҳамкориҳо дар ростои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, рафъи хатару таҳдидҳои муосир ва таъмини арзишҳои волои инсоният таҳким хоҳанд ёфт.
Лентаи хабарҳо
0