Тамдиди маҳдудияти парвозҳо дар Русия

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксСпоттинг в аэропорту Внуково
Споттинг в аэропорту Внуково  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
"Росавиатсия" тавзеҳ дод, ки маҳдудиятҳо ба фурудгоҳҳои ҷануб ва марказии Русия тааллуқ доранд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Низоми маҳдудияти парвозҳо дар фурудгоҳҳои ҷануб ва марказии Русия то 14 март тамдид шуд, хабар дод "Росавиатсия".
"То 14 март, соати 03:45 бо вақти Маскав маҳдудияти парвоз ба фурудгоҳҳои ҷанубу марказии Русия тамдид гардид", - омадааст дар иттилоия.
Тавзеҳ дода шуд, ки парвозҳо ба Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста мутаваққиф шуданд.
Мақомот масири тағйири парвозҳоро зикр карда, тавсия додаанд, ки барои мусофирбарӣ аз масирҳои дигар бо истифодаи фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав истифода шавад.
Самолет Airbus A320neo авиакомпании S7 Airlines  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Ширкати ҳавопаймоии S7 ҳама парвозҳояш ба Хуҷандро лағв кард
Зикр шудааст, ки фурудгоҳҳои мазкур зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд.
Ба иттилои "Росавиатсия", парвозҳо ба Калининград тибқи ҷадвал сурат мегиранд. Парвоз ба ин минтақа аз болои обҳои нейтралии баҳри Балтий мегузарад ва ба ҳамин далел вақти парвоз афзоиш ёфтааст.
Ин ниҳод илова намудааст, ки парвозҳои боқимонда, аз ҷумла дар масирҳои байналмилалӣ аз рӯи реҷаи муқаррарӣ амалӣ мешаванд.
Маҳдудиятҳо дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина роҳандозӣ гардиданд, ки 24 феврал оғоз шуда, феълан низ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0