Аз бензин то газу солярка: Болоравии нархи маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Константин МихальчевскийЗаправка бензином автомобиля на автозаправочной станции АЗС
Заправка бензином автомобиля на автозаправочной станции АЗС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Арзиши ҳама намуд маводи сӯхт дар навоҳии Тоҷикистон баланд шудааст
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Поёнравии нархи гази моеъ, ки як ҳафта қабл шуруъ шуда буд, дер давом накард, баръакс имрӯзҳо дар НФС-ҳои кишвар боз болоравии нархи тамоми маводи сӯхт мушоҳида мешавад.
Бино ба тоблуҳое, ки ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар навоҳии Суғд мураттаб намудаанд, арзиши як литр бензин АИ 92 10, 7 сомонӣ, АИ 95 11, 2 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ (солярка) 10, 9 сомонӣ аст. Дар муқоиса ба як ҳафтаи қабл нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ 40 дирам афзудааст.
Дар ин миён нархи гази моеъ ҳам то 20 дирам боло рафта, 6,3 сомонӣ муқаррар шудааст.

Болоравии нарх дар дигар минтақаҳо

Болоравии нархи маводи сӯхт дар дигар манотиқи кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон низ мушоҳида мешавад.
Работа нефтяных станков - качалок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Эрон гуфт, омодааст, дар кашфи чоҳҳои нафту газ Тоҷикистонро кумак кунад
Манобеи Sputnik Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе гуфтанд, ки ҳоло қиммати бензини АИ 92 ва АИ 95 то ба 10, 8 – 11, 4 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ ҳам ба 11 сомонӣ баробар шудааст. Нархи гази моеъ низ ба 6, 4 сомонӣ афзудааст.
Ин дар ҳолест, ки як ҳафта пеш қимати бензини АИ 92 10, 4 ва АИ 95 10, 9, сӯзишвории дизелӣ 10,6 ва нархи гази моеъ 6, 2 сомонӣ буд.
Зимнан масъулони ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт сабаби тағйири нархро расман шарҳ намедиҳанд.

Таъсири ҷанги Русияву Украина ба Тоҷикистон

Баъзе коршиносони умури иқтисодӣ сабаби тағйирёбии нархро ба бархӯрдҳои миёни Русияву Украина марбут медонанд.
Умар Ҳамроев, як коршиноси мустақил мегӯяд, ҳарчанд майдони ҷанг аз Тоҷикистон дар масофаи беш аз 3 ҳазор километр дур аст, вале таъсири он ба таври аёну ноаён мерасад.

“Маводи сӯхт ба кишвари мо одатан аз Русияю Қазоқистон ворид мешавад ва табиист, ки бо асъори хориҷӣ. Ҳоло қурби доллар боло рафтааст ва ин ба нархи воридоти бор бетаъсир намемонад” - гуфт, коршинос.

Бархеи дигари коршиносон сабаби тағйирёбии нархро ба гароншавии арзиши нафту газ дар бозорҳои аврупо ва ҷаҳонӣ вобаста медонанд.
Оғози соли гузашта дар нуқтаҳои чаканафурӯшӣ қимати як литр гази моеъ ба 4,2 сомонӣ, бензин навъи АИ 92 ва сӯзишвории дизелӣ ба 6,5 сомонӣ баробар буд.
Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон бештар аз 60 дарсади воситаи нақлиёт тавассути гази моеъ ҳаракат мекунанд ва ронандаҳо сабаби инро ба вазъи иқтисодӣ рабт дода мегӯянд, ки ин навъ маводи сӯхт нисбат ба бензин арзонтар аст.
Дар ҳамин ҳол аксари сокинон изҳор мекунанд, ки болоравии нарх ба ҷайби онҳо зарба мезанад.
Лентаи хабарҳо
0