Боз Макрон ба Путин занг зад

© Sputnik / Alexey Nikolsky / Гузариш ба медиабонкВладимир Путин и Эммануэль Макрон на церемонии официальной встречи в Елисейском дворце
Владимир Путин и Эммануэль Макрон на церемонии официальной встречи в Елисейском дворце - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2022
Обуна шудан
Суҳбати телефонии руасои ҷумҳуриҳои Русия ва Фаронса тақрибан ду соат идома ёфт
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Гуфтугӯи телефонии Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба поён расид ва як соату 45 дақиқа идома ёфт, хабар медиҳад "France Press" дар истинод ба дафтари раисҷумҳури Фаронса.
Қаблан шабакаи BFM TV бо такя ба як манбааш дар Қасри Елисей хабар дода буд, ки Макрон "дар чанд дақиқаи оянда" бо Путин гуфтугӯи навбатии телефонӣ хоҳад дошт.
"Гуфтугӯи телефонии Макрон ва Путин, 1 соату 45 дақиқа давом кард", — иттилоъ додааст манбаъ.
Бояд қайд кард, дафтари раисҷумҳури Фаронса шарҳ надодааст, ки наздик ба ду соат ду роҳбар дар бораи чӣ гуфтугӯ карданд.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ситуация на польско-украинской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2022
СММ: Беш аз 1,5 миллион нафар аз Украина фирор карданд
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Ҳайатҳои Русия ва Украина аллакай ду даври музокираро анҷом доданд, даври сеюми он дар чанд рӯзи оянда дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0