Футболбози машҳури ҳоландӣ Кларенс Зеедорф мусалмон шуду номашро иваз кард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкКларенс Зеедорф, футболист
Кларенс Зеедорф, футболист  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2022
Обуна шудан
Ситораи пешини футболи Ҳолланд бо ташарруф ба дини мубини Ислом номи худро тағйир дод
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Кларенс Зеедорф؟ ситораи пешини футболи Ҳолланд ва тимҳои "Милан" (Италия)-у "Реал Мадрид" (Испания) мусалмон шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудэй”.
Ҳамчунин ин расона хабар додааст, ки Зеедорф бо қабули дини мубини Ислом номи худро низ ба Юнус тағйир дод.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ситораи футболи Ҳолланд чанд моҳ пеш эълом карда буд, дар ҳоли таҳқиқ ва ҷустуҷӯ дар динҳо аст ва ба зудӣ дини ҷадиди худро эълом хоҳад кард.
Акнун Зеедорф эълом кард, пас аз таҳқиқ ва ҷустуҷӯ ба ин натиҷа расид, ки Ислом ҷомеътарин дин аст ва наздиктарин мабонӣ ба воқеъиятро дорад.
Петр Сегрт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Хорват дар тими миллии футбол: Тоҷикистон аз мураббии нав чӣ интизор аст
Кларенс Зеедорф футболбози собиқи тими миллии Ҳолланд бо тимҳои "Милан" ва "Реал Мадрид" чаҳор бор ба мақоми қаҳрамонии Лигаи қаҳрамонони Аврупо расид.
Юнус (Кларенс Зеедорф) аз соли 1998 то 2008 узви тими миллии Ҳолланд буд.
Лентаи хабарҳо
0