"Юнистрим" барои фаъолияти тӯлонӣ дар Тоҷикистон иҷозатнома гирифт

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузаштан ба хазинаи аксВывеска отделения "Юнистрим" банка
Вывеска отделения Юнистрим банка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Низоми пардохти "Юнистрим" барои фаъолияти минбаъдааш дар Тоҷикистон иҷозатнома гирифт
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Бонки русии "Юнистрим" муҷаввиз аз Бонки миллии Тоҷикистонро дарёфт кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, шартнома барои 5 сол пешбинӣ шуда, ҷиҳати амалӣ намудани фаъолиятҳо дар доираи низоми пардохти "Юнистрим" равона шудааст.
Гуфта мешавад, ин тасмим тибқи қонунҳои ҷумҳурӣ "Дар бораи хидматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт", "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" гирифта шудааст.
Ҳамзамон идораи низоми пардохт вазифадор аст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.
Банковские карты в кошельке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2022
Шаҳрвандони Русия дар хориҷ метавонанд аз корти "Мир" - "UnionPay” истифода намоянд
"Юнистрим" як бонки Русия аст, ки ҳам дар дохили Федератсияи Русия, ҳам дар кишварҳои ИДМ ва ҳам дар ҷаҳон ба интиқоли пул машғул аст.
Ташкилот дар саросари ҷаҳон зиёда аз 150 ҳазор нуқта дорад.
Қаблан, дар пасманзари изҳороти системаҳои байналмилалии пардохтии "Visa" ва "Mastercard" дар бораи боздоштани ҳама гуна муомилот дар дохили Русия Бонки марказии Русия эълон кард, ки кортҳои системаҳои дар боло зикршуда ба кори худ идома медиҳанд.
Ин ба шарофати Системаи миллии кортҳои пардохт имконпазир аст, аммо пардохтҳои фаромарзӣ дар мағозаҳои интернетии хориҷӣ дастрас нестанд.
Бонки марказӣ гуфт, шаҳрвандон ҳангоми сафар ба хориҷа бо худ гирифтани пули нақдро фаромӯш накунанд ва аз корти "Мир" дар кишварҳоеро, ки он дастрас аст, истифода намоянд
Лентаи хабарҳо
0