Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Су-34 бо зарбаҳои дақиқ зерсохтҳои низомии миллатгароён дар Украинаро нест кард - видео

Обуна шудан
Дар чаҳорчӯби амалиёти вижаи низомӣ барои ҳифзи Донбасс нерӯҳои ҳавоии Русия инфрасохтори низомии Украинаро бомбборон карданд
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, ҳавопаймои ҷангии Су-34 дар осмони Украина парвози ҷангӣ анҷом дод. Ба гуфтаи вазорат, ҳавопаймо бо кумаки аслиҳаи дақиқзан ба зербиноиҳои низомӣ зарба зад.
Дар навор дида мешавад, ки бомбҳои OFAB-100-120 дар зери қанотҳои бомбандози хатти ҳамла овезон шудаанд.
Аз рӯи қобилиятҳои ҷангӣ, Су-34 ба насли 4++ ворид шудааст. Вай ба туфайли нишонаҳои баланди чангии худ бе гуселкунии ҷанговарон супоришҳои ҷангиро иҷро карда метавонад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Артиши Русия беш аз 2200 иншооти низомии Украинаро нобуд кардааст
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0