Афғонистон бо болотарин мизони маргумири модарон дар Осиё

© REUTERS / U.S. Air Force/Master Sgt. Donald R. AllenЖенщина с ребенком во время эвакуации в Кабуле
Женщина с ребенком во время эвакуации в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сандуқи ҷамъияти Созмони Милали Муттаҳид аз вазъияти модарон дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Дар баёнияи Сандуқи ҷамъяити Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA), ки ахиран нашр шуд, омадааст, 638 модар дар ҳар 100 ҳазор валодат ҷонашонро аз даст медиҳанд, иттилоъ додааст Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ин созмон, агар вазъи модарон ҳал нашавад, ҳолати онҳо бадтар мешавад.
Дар гузориш омадааст, ки шуморе аз модарон дар Қандаҳор ба далели адами дастрасӣ ба муроқибатҳои беҳдоштӣ сиқти ҳамл кардаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, барои ҳалли мушкилоти мардум, бахусус модарон ба 250 миллион доллар ниёз аст.
Люди получают хлеб в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Бонки Ҷаҳонӣ ният дорад, ба Афғонистон беш аз як миллиард доллар кумак кард
Ин дархост барои қонеъ кардани ниёзҳои саломатии модарони ҳомила ва ҳифзи 9,3 миллион шаҳрванди Афғонистон, аз ҷумла 2,2 миллион зани ҳомила, 2,3 миллион наврас ва 289 ҳазор зани дигар, ки дар арафаи таваллуданд, лозим аст.
Ба гуфтаи мақомот, буҳрон дар Афғонистон бештар ба занони афғонистонӣ зарба зад.
Қобили зикр аст, ки пас аз таҳаввулоти ахир омори дақиқи марги модарони ҳомила нашр нашудааст; аммо бо назардошти вазъи феълӣ интизор меравад, мизони маргумири модарон дар манотиқи мухталифи Афғонистон афзоиш ёбад.
Лентаи хабарҳо
0