Дидбони ҳуқуқи башар: Толибон расонаҳоро сензураву таҳдид мекунанд

© PxhereКино камера, архивное фото
Кино камера, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Обуна шудан
Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, ки толибон сензураву хушунати густардаеро алайҳи расонаҳо маҳаллӣ дар марокизи вилояту вулусволиҳо эъмол кардаанд
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар гузориши ахири мунташиркардааш навиштааст, ки вазъи рӯзноманигорон, бахусус занони хабарнигор дар берун аз Кобул ба маротиб аз заноне, ки дар дохили пойтахт ҳастанд, бадтар аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дидбони ҳуқуқи башар толибонро ба таҳдид, боздошт ва латукӯби хабарнигорон муттаҳам кардааст.
Ин созмон афзуд, аксари рӯзноманигорон маҷбур шудаанд, ки ба худсензура ё танҳо барои инъикоси изҳорот ва рӯйдодҳои расмии толибон кор кунанд.
Фаришта Аббосӣ, пажуҳишгари афғонистонӣ дар Созмони Дидбони ҳуқуқи башар гуфт: "Таъқиби толибон нисбат ба рӯзноманигорон дар берун аз манотиқи бузурги шаҳрӣ то ҳадде боиси сонсур ё баста шудани расонаҳо дар вилоятҳои дурдаст шудааст."
Женщина с ребенком во время эвакуации в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Афғонистон бо болотарин мизони маргумири модарон дар Осиё
Вай афзуд, дар бисёре аз вилоятҳо толибон гузориш дар бораи баъзе масоилро мамнуъ кардаанд.
Дидбони ҳуқуқи башар дар 17 вилояти ин кишвар бо 24 рӯзноманигор ва дигар кормандони расонаҳои хабарӣ суҳбат карда, бо вазъи рӯзноманигорон дар берун аз шаҳри Кобул ошно шудаанд.
Хабарнигорон дар вилоятҳо гуфтаанд, ки толибон фаъолияти хабарнигоронро назорат мекунанд ва онҳоро маҷбур кардаанд, ки қабл аз интишори гузоришҳояшон бо Раёсати иттилоот ва фарҳанг муҳтавои онҳоро бидиҳанд.
Бисёре аз хабарнигорон гузориш додаанд, ки маъмурони истихбороти толибон пайваста бо созмонҳои расонаӣ мулоқот мекунанд, то ба онҳо бигӯянд, ки чиро нашр кунанд ва онҳоро ҳушдор медиҳанд, ки ба сиёсатҳои толибон мухолифат накунанд ё дар бораи хушунати толибон гузорише надиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0