Душанбе мизбони як мусобиқаи байналмилалӣ мешавад

© Pixabay Женский футбол, архивное фото
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Обуна шудан
Дар ин мусобиқа тимҳои миллии занонаи ҷавонони Тоҷикистону Эрон ва Ӯзбекистону Қирғизистон барои гирифтани унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Душанбе мизбони Қаҳрамонии Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби футболи бонувони ҷавони то синни 18 - сола мегардад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур аз 11 то 15 марти соли равон дар пойтахти кишвар миёни дастаҳои чаҳор давлат сурат мегирад.
Дар ин мусобиқа тимҳои миллии занонаи ҷавонони Тоҷикистону Эрон ва Ӯзбекистону Қирғиизистон барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд.
Мувофиқи низомнома, қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои занонаи ҷавонони то 18-сола дар шакли системаи даврӣ дар як марҳила гузаронида мешавад. Дастае, ки шумораи аз ҳама бештари имтиёзҳоро соҳиб мешавад, ғолиби мусобиқа мегардад.
Петр Сегрт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Хорват дар тими миллии футбол: Тоҷикистон аз мураббии нав чӣ интизор аст
Дар умум, дар чаҳорчӯби рақобатҳои мусобиқоти CAFA-2022 шаш бозӣ сурат мегирад. Давомнокии бозиҳо 90 дақиқаро ташкил хоҳад дод. Баргузории ҳамаи рақобатҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар назар аст.
Дастаи духтаронаи ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар мусобиқаи мазкур зери роҳбарии сармураббӣ Иззатулло Исҳоқов бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки имсол ин дуюмин мусобиқаи байналмилалӣ миёни бонувон аст, ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Душанбе гузаронида мешавад.
Қаблан, охири моҳи январи соли равон аввалин мусобиқаи футзали бонувони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар пойтахти кишвар гузаронида шуда буд. Дар ин мусобиқа тими миллии бонувони Эрон пирӯз шуд.
Лентаи хабарҳо
0