Бо шумо ифтихор мекунем: Раҳмон бонувони тоҷикро шодбош гуфт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президент гуфт, бо модарон ва занону бонувони тоҷик ифтихор дорад, зеро онҳо мавқеи худро дар ҷомеа пайдо карданд ва барои пешрафти давлат саҳми арзанда мегузоранд
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ бонувон ва модарони тоҷикро ба ифтихори Рӯи модар табрик намуда, барояшон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодатро орзу намуд.
Ӯ гуфт: "Мо ифтихор дорем, ки имрӯз модарон ва занону бонувони тоҷик дар ҷомеа мавқеи устувор доранд, барои пешрафти давлат саҳми босазо мегузоранд ва нақши созандаи худро барои ободии Ватани азизамон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд".
Роҳбари давлат модарро мавҷуде номид, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсӯи зиндагӣ дуои нек медиҳад.
"Арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии вай вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанд ба шумор меравад", - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Президент қайд намуд, "инсон дар ҳаёти худ дар сурате ба комёбиву муваффақият ва зиндагии бобаракат муяссар мегардад, ки дуои неки модар ва падарро гирифта, ба қадри ранҷу заҳмати волидайн, дилсӯзиву ғамхории онҳо ва шири сафеди модар расида бошад.
Ӯ гуфт, хидмати падару модарро дар қайди ҳаёт будани онҳо бояд ба иҷро расонд.
Аёдати Бахтиёр Назарзода, раиси навтаъйини шаҳри Кӯлоб аз занони солхӯрда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Дуогирии мақомдорони навтаъйини Кӯлоб аз "момаҳои табаррук"-и беш аз 100-сола
Презилент таъкид намуд, ки бонувону духтарони тоҷик бояд соҳиби касбу ҳунар, саводу маърифат, илму дониш ва ҳунарманду кадбону бошанд, то дар зиндагиву рӯзгори оилавӣ ба азобу душворӣ рӯ ба рӯ нагарданд.
Роҳбари давлат иброз намуд, ки модарону хоҳарони тоҷик дар баробари тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ солим дар пешрафти иктисодиву иҷтимоӣ ва ободиву созандагии Тоҷикистон минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Лентаи хабарҳо
0