Рекорди навбатӣ: арзиши газ дар Аврупо аз 2600 доллар ҳам гузашт

© Sputnik / ANDREW ABRAMOVКухонная газовая плита
Кухонная газовая плита - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Обуна шудан
Нархи газ дар Аврупо боз ба як сатҳи рекордӣ расид ва ҳоло дар бозор арзишаш аз 2600 доллар ҳам боло рафт
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Дар биржаи ICE Лондон ҳазор метри мукааб газ беш аз 2600 доллар фурӯхта мешавад, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Қимати як ҳазор метри мукааб газ барои моҳи апрел аз 2366,8 доллар оғоз шуд ва дар чанд дақиқа аз 2500 доллар ҳам боло рафт. То кунун ҳадди ниҳоии нарх 2603,5 долларро ташкил додааст, ки аз нархи ҳисоббаробаркуниҳои рӯзи ҷумъа, ки 2170,2 доллар барои ҳазор метри мукааб буд, 20 дарсад гаронтар аст.
Бозори гази Аврупо чанд моҳ аст, ки дар ҳолати номуайянӣ қарор дорад. Баҳори соли гузашта нархҳо дар сатҳи 250-300 доллар барои як ҳазор метри мукааб газ буд. Аммо дар охири моҳи август он ба 600 доллар расид ва дар моҳи октябр барои бори аввал қимати газ аз ҳазор доллар ҳам гузашт.
Работа нефтяных станков - качалок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Эрон гуфт, омодааст, дар кашфи чоҳҳои нафту газ Тоҷикистонро кумак кунад
Сипас он каме арзон шуд, аммо нархҳо пайваста баланд боқӣ монданд, ки дар тамоми таърихи бозори гази Аврупо ин гуна арзиш мушоҳида нашуда буд.
Дар авоили моҳи феврал нархи газ аз 800 то 1030 доллар тағйир ёфт, вале баъд аз он ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 21 феврал фармонҳо дар бораи эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганскро имзо ва 24 феврал Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард, нарх якбора боло рафт.
Лентаи хабарҳо
0