Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Русия барои Украина 13,5 ҳазор тонна кумаки башардӯстона омода намудааст

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкВыезд колонны с гуманитарным грузом из Краснодара в Херсон
Выезд колонны с гуманитарным грузом из Краснодара в Херсон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия аз омода будани беш аз 13 ҳазор тонна кумаки башардӯстона барои Украина хабар дод
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ситоди ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба вокуниши башардӯстона дар Украина рӯзи якшанбе ба хабарнигорон гуфт, Русия барои Украина 13,5 ҳазор тонна бори башардӯстона омода кардааст ва беш аз 550 тонна кӯмак аллакай расонида шудааст.
"Мақомоти иҷроияи федералӣ дар якҷоягӣ бо субъектҳои Русия аз Калининград то Камчатка, созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои ватандӯстӣ аллакай беш аз 13,5 ҳазор тонна бори башардӯстона омода кардаанд", - гуфта мешавад дар хабари ситод.
Ба гуфтаи онҳо, дар ин кор вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, вазорати саноат ва савдо, Росреестр Росрезерв, вилоятҳои Тула, Маскав, Ярославл, Белгород, Воронеж, Курск, Ростов ва Қрим фаъолона ширкат кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир ба Украина 557 тонна бори башардӯстона интиқол дода шуда, дар 123 маҳаллаи аҳолинишини вилоятҳои Запороже, Киев, Харков, Херсон ва ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск 80 амалиёти башардӯстона анҷом дода шудааст.
Rusiya Ukrayna bayrağı - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2022
Сарчашмаҳои муноқишаи Русия ва Украина
Дар як рӯзи гузашта 18 амалиёти башардӯстона гузаронида шуд, ки дар ҷараёни он ба мардуми осоиштаи минтақаҳои озодшуда 60 тонна маводи зарурӣ, доруворӣ ва озуқаворӣ супурда шуд.
Рӯзи 6 март дар вилояти Киев, ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луҳанск 28 иқдоми башардӯстона баргузор шуд. Ба аҳолӣ 323 тонна маводҳои зарурй, аз ҷумла дорувор ва озуқаворӣ супурда шуд.
Лентаи хабарҳо
0