Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Русия ва Украина ба даври савуми музокирот омодагӣ мебинанд

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкФлаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры
Флаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Обуна шудан
Музокироти Русия ва Украина бояд дар ояндаи наздик дар қаламрави Беларус баргузор шавад
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ҳайати Русия барои даври савуми музокирот бо Украина ба Беларус парвоз кард, хабар медиҳад Sputnik Беларус.

"Ҳайати Федератсияи Русия барои даври савуми музокирот бо Украина ба Беларус парвоз кард", - гуфта мешавад дар паёми "Telegram Sputnik".

Ёдовар мешавем, ки Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Место проведения российско-украинских переговоров в Белоруссии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Ҳайати Украина ба макони музокирот бо Русия рафт
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0