Сел дар Турсунзода ду чӯпони 18-соларо бурд

© PixabayСелевой поток
Селевой поток  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷасади фавтидагон дар чор километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо шудааст
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Бар асари боришоти шадиди борон аз теппаҳои назди деҳаи Чашмаи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода сел омад.
Ба гузориши дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, сел нисфирӯзи 6 март, тахминан соати 15:20 дақиқа фаромада, ду чӯпони ҷавонро бурд.

"Ҳар ду чӯпон 18 сол дошта, сокинони деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода мебошанд", - омадааст дар хабари манбаъ.

Манбаъ меафзояд, чӯпонон кӯшиш карданд, то чорвои худро аз офати табиӣ наҷот диҳанд, вале худ бо 10 сар чорво зери сел монда ба ҳалокат расиданд.
Гуфта мешавад, ҷасади ҷавонони 18-сола дар масофаи чор километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо шудааст.
Илова бар ин боришоти зиёд боиси боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаи Қаратоғ ва канали Муллошодӣ шуда, дар навбати худ хатари зери об мондани биноҳои истиқоматиро зиёд кардааст. Дар ҷои ҳодиса комиссияи изтирории шаҳр кор мекунад, барои бартарафсозии онҳо техникаи махсус ҷалб шудааст.
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2022
Пешгирӣ аз омадани сел: Оғози корҳои соҳилбандӣ дар Исфара
Дар ҳамин ҳол Оҷонсии ҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки ҳавои ноустувор ва боришот дар кишвар то охири ҳафта идома хоҳад кард ва хатари фаромадани тарма, фаромадани сел ва сангрезиҳо боқӣ мемонад.
Зимнан ин ниҳод аз тамоми шаҳрвандон ва меҳмонон даъват мекунад, ки аз сафар, рафтан ба минтақаҳои хатарнок, шикор, моҳидорӣ, ҷамъоварии гиёҳ дар ноҳияҳои кӯҳӣ, чаронидани чорво худдорӣ намуда, ҳушёр бошанд.
Лентаи хабарҳо
0