Ситод: Аз 15 март фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон ба реҷаи оддӣ мегузаранд

© Sputnik / Амир ИсаевЖители города Душанбе в защитных масках на улице
Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ситоди ҷумҳуриявӣ аз ба реҷаи оддӣ гузаштани кори гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ситоди Ҷумҳуриявӣ хабар дод, ки ахиран қарори дахлдори ситод дар бораи пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 дар Тоҷикистон ба тасвиб расид, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Тибқи ин санад, аз 15 марти соли 2022 фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба реҷаи оддӣ гузаронида шуда, назорати бемориҳои сироятӣ танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома дар бораи ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ дар ин хусус дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Таъкид шудааст, ки қарори мазкур бо назардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ва бо мақсади таъмин намудани фаъолияти пурраи самтҳои хоҷагидорӣ дар мамлакат, ғанигардонии иқтисодиёти кишвар ва боз ҳам мустаҳкамтар намудани робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо давлатҳои ҳамсоя қабул карда шуд.
Врач в палате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2022
Коронавирус дар Тоҷикистон тамом шуд? Вазорат гуфт, ягон ҳолати гирифторӣ саб нашуд
Тибқи қарор, гувоҳнома дар бораи ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии ҷониби Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ИДМ ба шаҳрвандон баъди гузаштан аз ваксинатсия пешниҳод карда мешавад, расман эътироф мегардад.
Ситод қайд кардааст, ки ҳангоми ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати пешниҳоди маълумотнома бо натиҷаи “манфӣ”-и озмоиши вирусологии кишвари хориҷшуда нисбат ба COVID-19, ки ба муҳлати 72 соат эътибор дорад, аз гузаштани озмоиши такрорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Тоҷикистон озод карда мешаванд.
“Реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар байни аҳолӣ бекор карда мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин дар асоси қарори мазкур баргузор намудани тўйи домодию арусӣ ва дигар ҷашну маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0