Гумони писар аз дӯстдошта ва падараш: Боздошти муттаҳамони қатли ҷавондухтари 20-сола

© ФСБ РФСотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик
Сотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Ленинград се муҳоҷирро бо иттиҳоми куштори ҷавондухтари 20-сола боздошт кардаанд
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Мақомоти вилояти Ленинград 3 муттаҳам дар куштори як ҷавондухтари 20-соларо боздошт кардаанд, ки тоҷикистонӣ муаррифӣ мешаванд.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, куштори ҷавондухтар дар наздикии деҳаи Мягловаи вилояти Ленинград дар заминаи рашк сурат гирифтааст.
Тавре расонаҳои маҳаллӣ аз қавли мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳанд, муттаҳамон ҷавондухтари ҳамватанашонро аз шаҳр рабуда, дар пайи озору шиканҷа ба қатл расондаанд. Дар видеои шоҳидии яке аз муттаҳамон, ки ӯ бо забони ӯзбекӣ суҳбат мекунад, тарзи содир кардани ҷиноятро нақл мекунад.
Тюремный охранник стоит перед тюремной решеткой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Боздошти зодагони Осиёи Марказӣ дар Маскав, ки муҳоҷиронро аз марз "мегузаронданд"
Тафтишот аз муттаҳамон мардони 25, 27 ва 47-сола ном мебарад, ки ду нафарашон падару писар мебошанд.
Таъкид шудааст, ки кушташуда дӯстдухтари ҷавони 25-сола будааст. Писар духтарро дар муносиботи маҳрамона бо падари худ муттаҳам мекунаду ҳамроҳи рафиқаш даст ба куштори ӯ мезананд.
Ҳамчунин гуфта мешавда, падар низ аз ин қазия хабардор шудаст, аммо аз содир шудани ҷиноят ба мақомот хабар надодааст.
Мақомот мегӯянд, худи ҳодиса моҳи сентябри соли гузашта рух дода, ҷасад моҳи октябр ёфт шудааст ва муттаҳамон танҳо моҳи марти соли равон боздошт гардиданд.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0