Маслиҳати Янукович ба Зеленский дар мавриди қаҳрамонию қатъи хунрезӣ

© Sputnik / Сергей ПивоваровПрезидент Украины Виктор Янукович. Архивное фото
Президент Украины Виктор Янукович. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти пешини Украина ба раисҷумҳури феълӣ дар робита ба вазъи ҳозира дар ин кишвар муроҷиат кардааст
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Виктор Янукович, президенти пешини Украина аз Владимир Зеленский, раисҷумҳури феълӣ хостааст, хунрезиро дар ин кишвар бо ҳар баҳое хотима диҳад.
Янукович дар муроҷиатномааш Зеленскийро масъул донистааст, ки хунрезиро дар кишвар боздорад.
"Хуб медонам, ки Шумо "мушовирон"-и зиёд доред, аммо уҳдадоред, бо ҳар қимате хунрезиро боздореду созиш кунед. Инро аз Шумо дар Украина, Донбасс ва Русия интизоранд", - овардааст РИА "Новости" аз қавли президенти пешин.
Вай таъкид намудааст, маслиҳати падаронааш ба Зеленский ин аст, ки талоши қаҳрамонӣ намекунад, чун қаҳрамонӣ намоишӣ намешавад ва ҷангидан то охирин украинӣ нахоҳад буд.

"Қаҳрамонӣ азхудгузаштагисту пирӯзӣ бар ғуруру аҳдофи шахсӣ ба хотири ҳифзи шаҳрвандони кишвар", - гуфтаст Янукович.

Ӯ бо изҳори таассуф аз ранҷе, ки мардуми Украина феълан мекашанд, таъкид намудааст, ки дар ҳар фоҷиа фурсате аст, ки ҳанӯз метавон онро хотима бахшид.
"Аз рӯзи аввал ваъдаи қатъи ҷангро додед ва барои ҳамин тамоми Украина дастгириятон кард. Метавонистед президенти сулҳ шавед, аммо мутаассифона, чунин нашуд", - омадааст дар муроҷиатнома.
Нашри ин муроҷиат дар ҳолест, ки феълан аз як сӯй амалиёти низомии Русия дар Украина ва аз ҷониби дигар музокироти ҷонибҳо идома дорад.
XVI Съезд политической партии Единая Россия. День первый - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2022
Умед ба эътирофи Қрим ва Донбасс: Мединский гуфт, Русия чӣ хосту Украина чӣ посух дод
Маврид ба зикр аст, ки то ҳол се даври музокирот - рӯзҳои 28 феврал, 3 ва 7 март дар қаламрави Беларус баргузор шуданд. То ҳол ҷонибҳо аз тавофуқот барои ташкили долонҳои гуманитарӣ барои тахлияи минтақаҳои даргир аз аҳолии осоишта, интиқоли дору ва маҳсулоти ниёзи аввал хабар доданд.
Владимир Мединский, ёвари раисҷумҳури Русия, ки роҳбарии ҳайати ин кишвар дар музокирот бо Украинаро ба уҳда дорад, умедвор аст, дар масъали Қрим ва Донбасс роҳи ҳаллро пайдо хоҳанд кард. Барои Русия эътирофи Қрим ва ҷумҳуриҳои Донбасс аҳамияти аввалиндараҷа дорад, изҳор доштаст Мединский.
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Украина ин корро тақрибан ғайриимкон хонд. Вай бо зикри аҳамияти аввалиндараҷаи ин масъала барои Маскав изҳори умед намудааст, ки "дер ё зуд мо роҳи ҳаллро пайдо хоҳем кард".
Лентаи хабарҳо
0