Ситораи нав дар сардӯшии кист? Фармони президент барои додани рутбаҳои навбатӣ

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксЗаседание Совета коллективной безопасности ОДКБ
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Чор мақомдори Гвардияи миллии Тоҷикистон, ки то ҳол рутбаи подполковник доштанд, полковники гвардия шуданд
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба чор мақомдори Гвардияи миллии ҷумҳурӣ рутбаи полковник дод.
Бо фармони раисҷумҳур, ки ахиран имзо шуд, рутбаҳои полковникӣ ба Собириён Маҳмаднаим Юсуф, ноиби фармондеҳи Гвардияи миллӣ дар умури сиёсӣ – тарбия ва Айнизода Бахтиёр Абдусаттор, сардори бахши истихборотии Гвардияи миллӣ дода шуд.
Инчунин Абдураҳимзода Умар Шариф, сардори Маркази миллии мубориза бо терроризму маводи мухаддир, Одиназода Абдусалом Маҳмадулло, фармондеҳи бригадаи дуюми зудамал рутбаи полковники гвардия гирифтаанд.
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо ба низомиёни Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Пешниҳоди тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомӣ дар Тоҷикистон қабул нашуд
Гвардияи миллии Тоҷикиистон, воҳиди мустақили ҳарбии таъйиноти махус мебошад, ки бевосита ба раисҷумҳур тобеъ буда, анҷоми вазифаҳои махсусан муҳими давлатиро ба уҳда дорад.
Ин ниҳод моҳи январи соли 1995 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар аввал Гвардияи президентӣ ном дошт.
Таъкид мешавад, ки афсарону сарбозони гвардия солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар кормандони сохторҳои қудратӣ дар нигоҳ доштани тартиботу барқарор намудани сохти конститутсионӣ саҳм гузоштаанд.
Моҳи январи соли 2004 баъди тағйироти сохторӣ бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон воҳиди мазкур ба Гвардияи миллӣ табдили ном кард.
Лентаи хабарҳо
0