Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин гуфт, сарбозони даъватиро ба Украина намефиристанд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксОбращение президента РФ В. Путина
Обращение президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Русия мегӯяд, сарбозони даъватӣ дар амалиёти низомӣ дар Украина иштирок нахоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дар амалиёти низомӣ дар Украина танҳо низомиёни касбӣ ба ҳалли вазифаҳои гузошташуда машғуланд, изҳор дошт Владимир Путин, президенти Русия.
Раисҷумҳур зимни паёми шодбошияш ба муносибати 8 март ба наздикони низомиёне муроҷиат намуд, ки феълан дар Украина қарор доранд.
"Мехоҳам ба модарон, ҳамсарон, хоҳарон, арӯсони сарбозону афсаронамон муроҷиат кунам, ки феълан дар муҳорибаанд, аз Русия дар амалиёти махсуси низомӣ ҳимоят мекунанд. Мефаҳмам, ки барои наздикону дӯстдоштаҳои худ дар ташвишед. Шумо метавонед чун тамоми кишвар бо онҳо ифтихор кунед", - гуфт Путин.
Президент РФ В. Путин встретился с главой МИД РФ С. Лавровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
ВУХ-и Русия дар бораи дидори Лавров ва Кулеба хабар дод
Вай дар идома таъкид намуд, ки сарбозони даъватӣ дар амалиёти низомӣ дар Украина иштирок надоранд ва нахоҳанд дошт. Ҳамчунин иттилоъ дод, ки даъвати иловагӣ аз ҳисоби афсарони захира низ амалӣ нахоҳад шуд.
"Вазифаҳои гузошташуда танҳо аз ҷониби низомиёни касбӣ ҳал карда мешаванд. Муътақидам, онҳо амният ва суботи устувор барои мардуми Русияро таъмин хоҳанд кард", - илова кард президент.
Владимир Путин инчунин ба заноне, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия адои хидмат мекунанд, изҳори миннатдорӣ намудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Кошки отдыхают : Лукашенко высказался о санкциях - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Лукашенко дар бораи таҳримҳои Ғарб изҳори назар кард - видео
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гуруҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он анҷом ёфтаст. Ҳар ду ҷониб мегӯянд, гуфтушунидҳоро идома хоҳанд дод.
Лентаи хабарҳо
0