"Air Astana" бархе аз парвозҳоро ба Русия муваққатан қатъ мекунад: сабаб

© Sputnik / Нина ЗотинаПассажирский самолет в небе
Пассажирский самолет в небе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
Далели ин тасмими ширкати миллии Қазоқистон сабабҳои истеҳсолӣ гуфта шудааст
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. "Air Astana" баъзе парвозҳо ба Русияро барои як ҳафта мутаваққиф мекунад.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя ба ширкати ҳавоӣ хабар медиҳад.
Ба гуфтаи хадамоти матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ, далели ин тасмим сабабҳои амалиётӣ мебошад.

"Air Astana" бо сабабҳои амалиётӣ маҷбур шуд, ки як қатор парвозҳоро аз Қазоқистон ба шаҳрҳои Русия муваққатан қатъ кунад. Дар ҳоли ҳозир парвозҳо аз Алмаато ва Нурсултон ба Маскав ва баръакс идома доранд", - гуфтанд дар ширкат.

Манбаъ афзуда, ки ширкат барои ҳарчи зудтар ҳал намудани масъалаҳои тавлидӣ тамоми қувваро ба кор мебарад.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар сурати муваффақ шудан "Air Astana" ва "FlyArystan" парвозҳоро ба шаҳрҳои Русия аз аввали ҳафтаи оянда аз сар хоҳанд гирифт.
Споттинг в аэропорту Внуково  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Тамдиди маҳдудияти парвозҳо дар Русия
Ин дар ҳолест, ки ширкати ҳавопаймоии "Аэрофлот" аз 8 март дар бораи лағви парвозҳои хориҷияш хабар доду низоми маҳдудияти парвозҳо дар фурудгоҳҳои ҷануб ва марказии Русия то 14 март тамдид шуд.
Ҳамин тавр парвозҳо ба Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста мутаваққиф шуданд.
Ширкати ҳавопаймоии S7 ҳама парвозҳояш ба Хуҷандро лағв кард
Мақомот масири тағйири парвозҳоро зикр карда, тавсия додаанд, ки барои мусофирбарӣ масирҳои дигар, фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав истифода шавад.
Лентаи хабарҳо
0