Антонов: Даст кашидани Амрико аз маводи сӯхти Русия бозорҳоро бесубот мекунад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксРадиолокационная станция системы ПРО Москвы
Радиолокационная станция системы ПРО Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сафири Русия дар ИМА гуфт, ки даст кашидани Амрико аз манобеи энержии Русия боиси тағйирёбии нархҳо дар бозорҳо хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Сафорати Русия дар ИМА гуфт, ки пас аз манъи воридоти маводи сӯхт ба Амрико Русия метавонад захоири энержии худро ба бозорҳои мухталиф равона кунад.
“Русия имкон дорад, ки маҳсулоти босифат ва рақобатпазири худро ба бозорҳои мухталиф равон кунад. Вақти он расидааст, ки ҷониби Амрико дарк кунад, наметавонад иродаи худро ба касе таҳмил ва моро бо калтаки таҳримӣ маҷбур кунад, ки аз ҳимояи манфиатҳои миллии худ даст кашем”, - шарҳ додаат сафорати Русия дар Амрико дар саҳифаи Фейсбукиаш.
Ҷо Байден, раисҷумҳури ИМА ахиран фармонеро имзо кард, ки тибқи он, воридоти маводи сӯхт ​​дар давоми 45 рӯз манъ мешавад.
Флаг НАТО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2022
Президенти Украина гуфт, дар масъалаи узвият ба НАТО дилсард шудааст
Сафорати Русия гуфт, "албатта, даст кашидан аз манобеи мо боиси таҳаввулоти ҷиддие дар бозорҳои ҷаҳонии энержӣ хоҳад шуд. Ин ба манофеи ширкатҳо ва истеъмолкунандагон, пеш аз ҳама дар худи Иёлоти Муттаҳида таъсири манфӣ мерасонад".
Намояндагии дипломатӣ қайд кард, ки ба далели тасмими манъи воридоти маводи сӯхт аз Русия Иёлоти Муттаҳида бо болоравии нархи бензин, нерӯи барқ ​​ва гармӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
"Фишори таҳримоти ИМА ба Русия кайҳо аз тамоми марзҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ убур кардааст. Чанд ҳафтаи охир инро комилан рӯшан нишон дод", - қайд кардааст сафорати Русия дар ИМА.
Лентаи хабарҳо
0