Эмомалӣ Раҳмон ба Миср рафт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон озими кишвари арабӣ шуд
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср сафар кард.
Дар ин бора котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти Тоҷикистонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоҳир Зокирзода, сарвазир Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намудаанд.
Дар ин сафар Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент дар умури робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод, саноат ва технологияҳои нав, маориф, кишоварзӣ, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон, Палатаи савдо, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақил ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Бори охир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои мисрияш Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ соли 2017 дар шаҳри Риёз дидору мулоқот карда буд.
Он замон кишвардорон ба зарурати беш аз пеш фаъол намудани Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ таъкид намуда буданд.
Аз ҷума бо назардошти захираҳои фаровони обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида буд.
Лентаи хабарҳо
0