Раҳимов ба тими Фаронса пайвасту ба дигарон роҳи комёбиро нишон дод

© Pixabay Футзал, архивное фото
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Эксклюзив
Футзалбоз Парвиз Раҳматов, ки ба "Кингерсхайм" - и Фаронса пайвастааст, роҳи ҷалби таваҷҷуҳи дастаҳои хориҷиро гуфт
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Барои он ки футзалбозони тоҷик бештар ба дастаҳои хориҷӣ даъват шаванд, онҳо бояд зиёд дар бозиҳои байналмилалӣ ширкат кунанд.
Дар ин бора Парвиз Раҳматов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон нақл кард. Ин бозигари тоҷик дар таърихи футзали кишвар аввалин шуда ба лигаи футзали Аврупо гузарад.
Ҳоло беҳтарин бозигари "Сипар"-и Хуҷанд ва тими миллӣ дар ҳайати "Кингерсхайм"-и Фаронса бозӣ мекунад.
Ба гуфтаи Раҳматов, дар Тоҷикистон футзалбозони боистеъдод зиёданд.

"Ман ба сатҳи бозигарони мо шубҳа надорам. Мо бачаҳои боистеъдоди зиёде дорем. Барои онҳо ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо тимҳои аврупоӣ кофӣ нест, ки мавриди таваҷҷӯҳ бошанд", - гуфт варзишкор.

Гузаштан ба "Кингерсхайм" метавонад барои дигар бозигарон ангезаи хубе бошад, гуфт Раҳматов.
Илова бар ин, варзишгари тоҷик гуфт, ӯро дар ҳайати нав чӣ гуна пешвоз гирифтанд.
"Онҳо маро муддати тӯлонӣ интизор буданд. Ман бо бразилиягиҳо дар як манзил зиндагӣ мекунам, яке аз онҳо Тиаго Кубик, ботаҷрибатарин бозигари даста аст", - гуфт Раҳматов.
Вай сатҳи баланди ташкили бозиҳо ва тамринҳо дар Фаронса, инчунин дастгирии бузурги мухлисонро қайд кард.
"Аз аз куҷо буданамро мепурсанд ва бо ман акс мегиранд. Ин маро ба кор ва дӯст доштани футзал боз ҳам бештар рӯҳбаланд мекунад", - таъкид кард варзишгар.
Барои гузаштан ба тими нав ба Раҳматов як агенти итолиёӣ кумак кардааст. Футзалбоз пас аз як мусобиқаи дӯстона дар Хорватия бо ӯ шартнома бастааст.
Афганистан-Таджикистан на CAFA 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
"На тактикаю на бозӣ": интиқоди тунди мураббии собиқ аз нокомии Тоҷикистон дар CAFA
Варзишгар таъкид кард, ки дар Аврупо як намояндаи хубе муҳим аст, ки хидматҳоятро тавсия диҳад.
Ба Раҳматов се таклиф — аз мамлакатҳои Осиё, Итолиё ва Фаронса пешниҳод шуд.
Пас аз андешаҳои зиёд, суҳбатҳо бо аҳли оилааш, президенти тими "Сипар" Зафарҷон Раҳмонов ва директор Нодир Дӯсматов, футзалбоз тасмим гирифт, ки ба "Кингерсхайм" гузарад.
Лентаи хабарҳо
0