Карзай: Ману Абдуллоҳ наметавонем Афғонистонро тарк кунем

© Facebook/Абдулло АбдуллоАбдулло Абдулло, Ҳомид Карзай ва Абдулғанӣ Бародар
Абдулло Абдулло, Ҳомид Карзай ва Абдулғанӣ Бародар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури пешини Афғонистон ба таври ғайримустақим таъйид кард, ки ба ӯ ва Абдулло Абдулло, раиси собиқи Шӯрои олии оштӣ хориҷ шудан аз кишвар манъ шудааст
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ҳомид Карзай, президенти пешини Афғонистон дар як мусоҳибаи ахираш таъйид кардааст, ки наметавонад бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ сафарҳои хориҷа дошта бошанд.
Ӯ дар посух ба суол дар бораи мамнӯъияти сафар ба хориҷа гуфт: "Бале, дар сафарҳое, ки бояд бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дошта бошем, албатта, ба сурати ҷудогона мушкилоте вуҷуд дош ва умедворем, ки он ҳал хоҳад шуд".
Ҳомид Карзай афзудааст, ки ӯ дар гаштугузор дар кишвар, аз ҷумла Кобул озод аст
"Мардум барои дидани мо меоянд, ману Абдулло Абдулло мулоқот мекунем ва мо метавонем ба ҳар ҷое дар Кобул биравем",- афзудааст ӯ.
Қаблан гузориш шуда буд, ки Толибон сафари Карзай ва Абдуллоҳ ба хориҷро мамнӯъ кардаанд.
Бархе аз аъзои толибон низ таъйид карданд, ки Карзай ва Абдуллоҳ ҳаққи тарки Афғонистонро надоранд. Толибон то ҳол сабаби ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Карзай ва Абдулло аз чеҳраҳои сиёсии ҳукуматҳои қаблианд, ки бо суқути низом ба дасти толибон Кобулро тарк накарданд.
Абдулло Абдулло, Ҳомид Карзай ва Абдулғанӣ Бародар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2022
Хости Карзай ва Абдуллоҳ аз бозгашти дубораи сиёсатмадорони фирорӣ ба Афғонистон
Ин ду чеҳраи сиёсӣ гоҳ-гоҳе бо намояндагони хориҷӣ дидор мекунанд ва масоили кумак ба афғонистонро баррасӣ мекунад, аммо фаъолиятҳои сиёсияшон дар ҳукумати нав ноаён аст.
Дар муқоиса ба Абдуллоҳ Карзай гоҳ гоҳ дар бораи ҳуқуқи занон, таълимт онон сухан меронад ва аммо дар баробари аз ҷаҳон даъват мекунад, ки бо толибон кор кунанд.
Ӯ қаблан дар баёнияе гуфта буд, ки ӯ ва Абдуллоҳ ба Толибон нома навишта, аз онҳо хостанд, ки Луи Ҷирга баргузор кунанд, ки дар ҳоли ҳозир аксар аз насли навини ин кишвар зидди ташкили чунин низом аст..
Дар мусоҳибаи ахири худ ӯ қайд кард, ки аз баргузории интихобот истиқбол мекунад, аммо муҳим он аст, ки дар шароити кунунӣ барои кишвар чӣ имконпазир аст, гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0