Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Киев аз Шолтс хост, то мулоқоти Путин ва Зеленскийро ташкил кунад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкКанцлер ФРГ Олаф Шольц на пресс-конференции
Канцлер ФРГ Олаф Шольц на пресс-конференции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
Киев ба садри аъзами Олмон муроҷиат кард, то дар ташкили мулоқоти Путин ва Зеленский кумак кунад
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Киев ба Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон барои кумак дар ташкили мулоқоти Владимир Путин ва Владимир Зеленский муроҷиат кард, гуфт муовини раиси Дастгоҳи раисиҷумҳури Украина Игор Жоква дар барномаи телевизиони олмонии "Tagesschau".

"Ягона гуфтушуниди ҷиддие, ки бояд анҷом шавад, ин дар сатҳи президентҳо мебошад. Шарикони байналмилалӣ бояд ба мо дар ташкили чунин мулоқот кумак кунанд. Мо бо садри аъзами Олмон барои ташкили чунин мулоқот суҳбат дорем", - гуфт Жоква.

Русия ва Украина қаблан се даври музокирот баргузор карданд. Дар ҷараёни даври дувум ҷонибҳо дар мавриди таъмини муштараки долонҳои башардӯстона барои кӯч додани шаҳрвандон, интиқоли маводи ғизоӣ ва доруворӣ ба тавофуқ расиданд, аммо долонҳои башардӯстона пурра фаъол нестанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Жители Мариуполя покидают город при помощи гуманитарного коридора, организованного МЧС ДНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Иғвоангезии Киев дар долонҳои башардӯстона
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он анҷом ёфтааст. Ҳар ду ҷониб мегӯянд, гуфтушунидҳоро идома хоҳанд дод.
Лентаи хабарҳо
0