Косачёв ҳадафи асосии Русия дар Украинаро гуфт

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкПредседатель комитета Совета Федерации РФ по международным делам Константин Косачев, архивное фото
Председатель комитета Совета Федерации РФ по международным делам Константин Косачев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
Сенатор Косачев мегӯяд, ҳадафи Русия дар Украина ба мардум баргардонидани ҳаққи тасмимгирии сиёсии онҳост
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ҳадафи аслии Русия дар Украина, ба фарқ аз Иёлоти Муттаҳида, ба укроиниҳо баргардонидани ҳуқуқи мустақилона муайян кардани сиёсати хориҷӣ ва дохилияшон аст, навиштааст муовини раиси Шӯрои Федератсия Константин Косачев дар шабакаи телеграммии худ.
"Дирӯз дар бораи манъи воридоти cӯзишворӣ аз Русия суханронӣ карда, президент (Ҷо) Байден гуфт, ки Федератсияи Русия мехоҳад Украинаро зери назорат нигоҳ дорад, аммо ҳеҷ гоҳ ба ин ноил нахоҳад шуд", - гуфт сенатор.
Ба гуфтаи Косачев, асоси падидаи нобоварии куллӣ ба ниятҳои Русия аз сӯи Амрико бар пояи тафсири бардурӯғи онҳост.
"Кишвари мо ҳеҷ гоҳ кӯшиш накардааст ва намехоҳад, ки Украинаро зери назорат нигоҳ дорад. Шарт нест, ки далел ҷуст, танҳо ба равобити Русия бо наздиктарин муттаҳидонаш - Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон (ЕАЭО) нигаред. Кӣ бо ақли солими худ иддао мекунад, ки Русия ин кишварҳоро назорат мекунад?", - гуфт ӯ.
Эҳтимол метавонист кӯшиш кунад, аммо огоҳона ин корро намекунад, муносибатҳоро дар принсипҳои баробарӣ ва эҳтироми соҳибихтиёрӣ бунёд мекунад, менависад сиёсатмадор.
"Зеро ин фаҳмиши мо дар бораи шарикӣ аст, бар хилофи шарикии Амрико", - таъкид кард ӯ.
Министр энергетики РФ Александр Новак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2022
Ҳушдори Новак аз пайомадҳои даст кашидани ИМА ва Аврупо аз нафту гази Русия
Ба гуфтаи қонунгузор, маҳз Иёлоти Муттаҳида ҳеҷ гуна муносибатро бо шарикони худ эътироф намекунад, ба истиснои муносибатҳои назоратшаванда.
"Русия Иёлоти Муттаҳида нест, ки ибораи пурмазмуни президенти собиқи Украина (Леонид) Кучмаро ифода кунад. Ҳадафи аслии Русия дар Украина ба он мардум баргардонидани ҳуқуқи мустақилона ва демократӣ муайян кардани сиёсати хориҷӣ ва дохилияшон аст",- афзуд номбурда.
Мо бо ҳамсояҳоямон муносибатҳоро ҳамин тавр барқарор мекунем ва ин ягона роҳест, ки онҳоро бо Украинаи оянда, бо эҳтиром ба истиқлолияти он ва бидуни кӯшиши ба роҳ мондани назорат бар он тибқи модели амрикоӣ бунёд кунем, хулоса кард Косачев.
Ёдовар мешавем, ки Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Военнослужащий ДНР у контрольно-пропускного пункта Успенка в Донецкой области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Думаи давлатӣ: Путин бо анҷоми як амалиёти вижа Қримро аз таҷовузи Украина наҷот дод
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он бидуни натиҷаи назаррас анҷом ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0