Ҷаҳиши қурби доллар дар Тоҷикистон: 170 сомонӣ дар як рӯз боло рафт

© PixabayБанкноты США, архивное фото
Банкноты США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон ба дунболи коҳиши шадиди арзиши рубл қурби пули амрикоӣ ва аврупоӣ боло рафт
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ ба ҳадди рекордӣ боло бурд.
Қурби расмии доллари амрикоӣ ҳоло дар кишвар 13 сомонӣ гуфта мешавад.
Ин ниҳод якбора давоми як шабонарӯз арзиши долларро 170 сомонӣ гарон кардааст.
То ин болоравӣ дар кишвар 11,30 сомонӣ барои як доллар медоданд.
Дар баробари доллар Бонки милли асъори аврупоиро беш аз 180 сомонӣ дар давоми 24 соати гузашта боло бурдааст.
Як рӯз қабл дар кишвар 1 евро 12.3486 сомонӣ арзиш дошт ва ҳоло бошад, он ба қимати 14.1908 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Бо доллар чӣ мешавад: пешгӯии иқтисоддон аз болоравии ҳайратангези он
Қурби пули русӣ бошад, каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл дар ҷумҳурӣ 99 сомонӣ арзиш дорад.
Дар ҳамин ҳол нишондиҳандаҳои бонкҳои тиҷории Тоҷикистон махсусан дар фурӯш болотаранд
Дар бонки "Эсхата" яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон қурби 1 доллар зимни харид 12 сомонию 98 дирам ва зимни фурӯш 13 сомонӣ муқаррар шудааст.
Мизони харидуфурӯши 1 доллар дар "Алифбонк" низ чунин муқаррар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0