Роҳи Душанбе - Хуҷанд баста шуд

© Филиал "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" в РТГрузовой автомобиль расчищает дорогу от снега в Таджикистане
Грузовой автомобиль расчищает дорогу от снега в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Яке аз шоҳроҳҳои хатарнок дар кишвар бар асари фаромадани тарма боз баста шуд: ҳанӯз маълум нест, ки ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ кай аз сар гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Роҳи Душанбе - Хуҷанд муваққатан баста шуд ва ҳаракати мошинҳо дар ин масир ба таври муваққат қатъ шудааст.
Дар ин бора ширкати роҳбони IRS, ки ба пулчинӣ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бар асари фаромадани тарма шоҳроҳ баста шудааст.
"Айни замон ҳама гуна ҳаракат манъ аст",- гуфт IRS.
Холо коргарони корхона роҳро тоза карда истодаанд. Ба ронандагон тавсия дода шуд, ки роҳҳои алтернативӣ ҷустуҷӯ кунанд ва аз ҳаракат дар роҳҳои хатарнок худдорӣ кунанд.
Тарма на танҳо як бахше аз ин масир, балки дарёи Варзобро ҳам бастааст. Аз ҷумла дар километри 48—71-уми роҳ гузаштан номумкин шудааст.
Ширкат мегӯяд, техникаи лозима фиристода шуда, мутахассисон саъй доранд, ки оқибатҳои тармаро ҳарчи зудтар бартараф намоянд.
Ёдовар мешавем, ки шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ бар асари фаромадани тарма борҳо баста шудааст. Роҳ ба рӯйхати роҳҳои хавфноктарини кишвар дохил карда шудааст.
Он ягона пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо марказ мебошад, ки ҳаракат тавассути ин роҳ бо пардохти маблағ сурат мегирад.
Ба қатори роҳҳои хатарноки ҳамчунин Душанбе – Лахш, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим – Мурғоб ва Хоруғ – Ҷелондӣ низ дохил мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0